Боздиди муовини директор оид ба корҳои илмии Институти илмии ёрии таъҷилии шаҳри Санкт – Петербург аз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов

Боздиди муовини директор оид ба корҳои илмии Институти илмии ёрии таъҷилии  шаҳри Санкт – Петербург аз Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов
Май 25
16:34 2022

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, як гурӯҳ табибони муассисаҳои тандурустии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳти роҳбарии ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Олег Эргашев дар Тоҷикистон қарор доранд.

Дар доираи сафари кории худ табибони рус ба як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо роҳбарият ва кормандони онҳо мулоқоту вохуриҳо намудаву доир ба пешгирӣ ва ташхису табобати бемориҳои гуногун бо табибони тоҷик табодули таҷриба намуданд.

Имрӯз, 25 майи соли равон муовини директор оид ба корҳои илмии Институти илмии ёрии таъҷилии  шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия ба номи И.И. Янелидзе профессор, сармутахассиси озод-невролог Вознюк Игор Алексеевич ба Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” ташриф овард.

Дар ин ҷо номбурда бо роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур мулоқот анҷом дода, ҳамзамон аз рафти табобати як қатор бемороне, ки дар маркази мазкур ба табобат фаро гирифта шудаанд, дидан намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 997
  • 1,242
  • 950,017