Ваҳдат: Маркази саломатии деҳоти Гулистон пас аз таъмири капиталӣ мавриди истифода қарор гирифт

Ваҳдат: Маркази саломатии деҳоти Гулистон пас аз таъмири капиталӣ мавриди истифода қарор гирифт
Май 06
15:54 2024

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саани 5-уми майи соли равон Маркази саломатии деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат пас аз таъмири капиталӣ ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти тандурустӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, шарикон оид ба рушд, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.
 

Иттилоъ дода шуд, ки дар маркази саломатии мазкур 17 нафар кормандон кор ва фаъолият дошта, дар сохтори он се адад бунгоҳи саломатӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Маркази саломатии деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат пас аз таъмири капиталӣ бо дастгоҳу лавозимоти зарурии тиббӣ таъмин гардида, дар он барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки таъмир ва таҷҳизонидани ин муассисаи тандурустӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ шудааст.

Зимни боздид аз муассисаи мазкур меҳмонон ба корҳои анҷомдода баҳои баланд дода, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба мутахассисони соҳа дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 328
  • 989
  • 887,682