Вохурӣ бо иштирокчиёни иҷлосияи тақдирсоз

Вохурӣ бо иштирокчиёни иҷлосияи тақдирсоз
Май 28
09:23 2022

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз, 27 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино вохурии иштирочиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламхон Ахмедов, собиқ Раиси вилояти Хатлон ва ҳоло раиси Шӯрои куҳансолони ҷамъияти ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов бо устодону донишҷӯёни ин даргоҳ баргузор гардид, ки дар он ҳамзамон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшо Гулзода  иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳи мазкур Маҳмадшо Гулзода вохуриро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки маҳз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор намудани ин вохурӣ ҳарчӣ бештар огоҳ намудани насли ҷавони мамлакат аз таърихи ин санаи барои миллати тоҷик муҳиму тақдирсоз ба шумор меравад.

Қайд гардид, ки воқеан ҳам  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳиме ба шумор меравад, ки дар он роҳи ояндаи давлатдории миллати тоҷик муайян карда шуд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бори дигар ҷавонони кишварро бахшида ба рӯзашон тарбику шодбош намуда, аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои хосаи Роҳбари давлат ба ин қишри ҷомеа махсус ёдовар шуд.

Зикр карда шуд, ки имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар қарор доранд ва барои кору фаъолияти онҳо тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Баъдан, Аламхон Ахмедов ва Ғайбулло Афзалов аз хотираҳои хеш вобаста ба паҳлуҳои муҳими ин санаи тақдирсоз ба донишҷӯён нақл намуданд.

Нотиқон иброз доштанд, ки  маҳз бо шарофати баргузории  Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олӣ ва қабул гардидани санадҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон миллати тоҷик ба онҳо такя карда,  таҳти роҳбарии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ  ва ягона қадамҳои устувор гузошт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 910
  • 1,242
  • 949,930