Истифодаи тамоку ба паҳншавии бемориҳои дилу раг, музмини роҳи нафас ва саратон мусоидат мекунад

Истифодаи тамоку ба паҳншавии бемориҳои дилу раг, музмини роҳи нафас ва саратон мусоидат мекунад
Май 31
13:00 2022

Ҳамасола дар ҷаҳон 31 май Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку таҷлил карда мешавад. Ин рӯз бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар сессияи 42-юми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 1988 эълон шудааст.

Ба  иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола қариб 8 млн. нафар аҳолии ҷаҳон аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, ба ҳалокат мерасанд.  Инчунин, истифодаи тамоку яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва  фавти аҳолӣ маҳсуб ёфта, ба андешаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, агар дар ин самт тадбирҳои фаврӣ   андешида нашавад, ин шумора то соли 2030 метавонад аз 10 млн нафар зиёд гардад.

 Тибқи таҳлили мутахассисон, дар як дона тамоку зиёда аз 4 ҳазор намуд моддаҳои химиявӣ мавҷуд буда,  аз онҳо 250 намудашон зараровар ва 50 намуди дигарашон бавуҷудоварандаи бемории саратон мебошанд.

Тамоку ба саломатии ҳар як мавҷудоти зиндаи рӯи замин таҳдид намуда, ба паҳншавии бемориҳои хатарноки ғайрисироятӣ, аз қабили бемориҳои дилу раг, музмини роҳи нафас, саратон, диабети қанд ва ғайра мусоидат мекунад.

Тамоку на танҳо ба истифодабарандагони худ, балки ба дигарон низ зарар расонида, ба рушди устувори ҷомеа низ таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бо тамоку муносибати ҳамаҷониба ва ҷомеаро талаб менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мисли дигар мамлакатҳои мутараққӣ имрӯзҳо ба масъалаи маҳдуд намудани истеъмоли тамоку таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Тибқи таҳлилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13,5 фоизи аҳолии калонсол тамоку мекашанд.

Ҳоло дар баробари тамоку дар Тоҷикистон кашидани нос низ дар миёни мардон хеле маъмул аст. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, истеъмоли нос низ сабаби  бемориҳои саратони лаб, забон ва гулӯ мегардад. Ҳангоми кашидани нос як қисми он ба меъда рафта,  шахс метавонад  ба бемориҳои илтиҳоб ва захми меъда гирифтор шавад. Муҳаққиқон таркиби носро ташхис карда, ошкор намудаанд, ки дар   он моддаҳои кимиёвӣ, аз қабили хром, никел, марги муш, сурб ва дигар моддаҳои хатарнок мавҷуданд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»,  кашидани ҳамаи навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ, коргоҳҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ, дохили муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, қаҳвахона, чойхона ва ғайра), дар истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо, дар ҳудуди вокзалҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, майдончаҳои кӯдакон, дар даромадгоҳҳои хонаҳои бисёрошёна, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ мебошад. Кашидани тамоку танҳо дар ҷойҳои махсусе, ки барои тамокукашӣ ҷудо карда шудаанд, мумкин мебошад.

Мавриди зикр аст, ки  2 январи соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул намудани ин қонунро ба назар гирифта,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку яке аз барандагони ҷоиза эълон кард ва  31 майи соли 2018  дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар Сарвари давлати Тоҷикистонро аз барандагони ҷоиза дар минтақаи аврупоии худ ном бурд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 959
  • 1,242
  • 949,979