Боздиди Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад аз Маркази саломатии деҳоти Сарикиштии Поёни ноҳияи Рӯдакӣ

Боздиди Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад аз Маркази саломатии деҳоти Сарикиштии Поёни ноҳияи Рӯдакӣ
Июн 07
16:42 2022

Имрӯз, 7 июни соли равон Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар Тоҷикистон қарор дорад, аз Маркази саломатии деҳоти Сарикиштии Поёни ноҳияи Рӯдакӣ боздид ба амал овард.

Ҳадафи ташрифи хонум Амина Муҳаммад ба муассисаи мазкур ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот мебошад.

Аснои боздиди хеш номбурда бо фаъолияти муассисаи мазкур, аз ҷумла рафти муоина ва ташхиси беморон шинос шуда, инчунин аз масъулин доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ  ба аҳолӣ пурсон шуд.

Ҳамзамон, номбурда дар ин ҷо бо ҷараёни Корвони саломатии сайёр, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст, шинос шуда, бо як қатор намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат номбурда доир ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар саволҳо дода, аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифт.

Дар анҷоми боздид номбурда ба як қатор занону духтарон, ки дар доираи Корвони саломатии сайёр ба муассиса ташриф оварда буданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 972
  • 1,242
  • 949,992