Дар доираи ҷаласаи панҷуми вазирони тандурустии кишварҳои узви СҲШ, ки 8 июни соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гашт, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва вазири тандурустии Қазоқистон аз Маркази миллии тиббии кӯдаконаи шаҳри Тошканд дидан намуданд.
Зимни боздид директори маркази мазкур Алишер Шарифов ба меҳмонон таҷҳизоти муосири тиббиеро, ки дар Маркази миллии тиббии кӯдакона фаъолият мекунанд, нишон дод. Дар идома меҳмонон бо кори шӯъбаҳои ёрии таъҷилӣ, ҷарроҳии каминвазивӣ, рентгенология, лабораторияҳои муассиса шинос шуда, ба сифати хизматрасонии тиббӣ ва шароити мусоид барои будубоши беморон баҳои баланд доданд.
Сипас вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар дафтари меҳмонони марказ орзуҳои худро навиштанд. Чун анъана директори марказ Алишер Шарифов ба меҳмонон аз номи марказ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.