Ба Тоҷикистон 2 миллиону 543 ҳазору 200 воя ваксинаи “КоронаВак” ворид гашт

Ба Тоҷикистон 2 миллиону 543 ҳазору 200 воя ваксинаи “КоронаВак” ворид гашт
Август 01
12:41 2022

Бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат санаи 31 июли соли равон аз кишвари Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 543 ҳазору 200 воя ваксинаи “КоронаВак” ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид гардид.

Дар маросими қабули ваксинаҳои мазкур дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Маросими расмии супоридани вояҳои ваксинаи мазкур имрӯз, 1 августи соли равон дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони расмии ду кишвар баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода мешаванд.

Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории каронавируси COVID-19 дар тамоми ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷараён дошта, сокинон аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар хосатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 119
  • 989
  • 887,473