Имрӯз, 2 июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн вохурӣ намуд. Дар вохурӣ ҳамзамон сардорон ва мудирони раёсат ва шуъбаҳои дахдлори вазорат ва намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) иштирок доштанд.
Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвар Олмон дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат ба ҷониби Олмон изҳори миннатдорӣ баён намуд. Махсусан, номбурда аз ҳамкориҳои вазорат бо Ташкилоти ҷамъиятии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) махсус ёдовар шуд.
Дар идомаи вохурӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз намуданд.
Вохурӣ дар фазои дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.