Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ имрӯз, 24 июни соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гашт, ки дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Баъдан муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони кишварро ба муносибати яке аз ҷашнҳои муҳиму таърихӣ барои давлат ва миллати тоҷик, 27-июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз самими қалб табрику шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву саодати рӯзгор ва дар кору фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳои нав ба навро таманно намуд.
Зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик ҳамчун арзиши олии давлатдорӣ ба шумор меравад, ки дар як замони басо душвори таърихӣ ба даст омад. Тоҷикистон замоне ба Ваҳдати миллӣ шарафёб гардид, ки кишвар ҷанги шаҳрвандиро аз сар сузаронида, дар ҳоли нобудӣ қарор дошт.
Дар чунин як давраи басо душвор ва ҳассос фарзанди фарзонаи Ватан Эмомалӣ Раҳмон тавонист миллати тоҷикро аз нобудӣ наҷот бахшад, ба сарзамини ҷангзадаи тоҷикон сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагии комил оварад.
Бинобар ин, бо боварии комил метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои хастанопазир ва ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.
Инак, 25 сол мешавад, ки кабутари ваҳдат дар фазои софу беғубори кишвари азизамон дар парвоз мебошад ва мардуми меҳнатқарини тоҷик бо пуштибонӣ аз сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафти Ватани азизамон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохтаанд.