Давоми шаш моҳи аввали соли 2022 ба 46 ҳазору 194 нафар кӯдак амалиёти хатнаи ройгон гузаронида шуд

Давоми шаш моҳи аввали соли 2022 ба 46 ҳазору 194 нафар кӯдак амалиёти хатнаи ройгон гузаронида шуд
Июл 13
08:47 2022

Дар асоси тағйиру иловаҳои ахире, ки соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда шуд, маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20-рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад.

Ҳамчунин маросими мазкур  танҳо дар доираи аҳли оила ва бидуни оростани маърака сурат гирифта, амалиёти хатна дар ҳуҷраҳои махсуси муассисаҳои тиббӣ барои кӯдакон ройгон анҷом дода хоҳад шуд.

Айни ҳол дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил ва бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва инчунин ҷарроҳони соҳибтаҷриба таъмин гардидаанд.

Давоми шаш моҳи аввали соли 2022 дар кишвар ба 46 ҳазору 194 нафар кӯдак амалиёти хатна ба таври ройгон  гузаронида  шудааст.

Тавре дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шавад».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 99
  • 1,715
  • 988,396