Санаи 20 июли соли 2022 бо мақсади самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ, дар доираи ҳадафҳои Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод маросими оғози расмии корҳои сохтмонӣ сурат гирифт.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холзода Б.Н., раиси ноҳияи Файзобод, Маҳмудзода И.С., менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва мутахассисони Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод иштирок намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод соли 1975 барои 175 кат сохта ба истифода дода шуда, бинобар куҳнаю фарсуда ва таъмирталаб будани биноҳои табобатӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад.
Тибқи нақша дар доираи амалигардонии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» дар ноҳияи Файзобод таъмиру азнавсозии беморхонаи марказӣ иборат аз 10 шуъба бо ғунҷоиши 216 кат ва сохтмони бинои Маркази ташхису таботӣ иборат аз 6 шуъба бо ғунҷоиши 28 кат ба масоҳати 9609м2 ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин дар доираи ҳадафҳои лоиҳаи мазкур азнавсозии инфрасохтор (шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармитаъминкунӣ, ҳавотозакунӣ, барқ), сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ ба нақша гирифта шуда, ҳамзамон таҷҳизонидани иншооти мазкур бо мебел ва асбобу таҷҳизоти нави лабораторӣ ба нақша гирифта шудааст.