Давоми шаш моҳи аввали соли 2022 дар вилояти Хатлон сохтмон ва таъмири 25 муассисаи тандурустӣ ба анҷом расонида шуд

Давоми шаш моҳи аввали соли 2022 дар вилояти Хатлон сохтмон  ва таъмири 25 муассисаи тандурустӣ ба анҷом расонида шуд
Август 09
09:07 2022

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  31 декабри  соли 2020, №704 “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳру навоҳии минтақаи мазкур корҳои сохтмонӣ, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ босуръат идома доранд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд татбиқ намудани барномаи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон як қатор корҳои муҳиму назаррасро ба анҷом расонидааст.

Махсусан, давоми шаш моҳи аввали соли 2022 дар ҳудуди вилоят сохтмон, таъмир ва азнавсозии 25 муассисаи тандурустӣ ба анҷом расонида шуда, мавриди истиқода қарор дода шуданд.

Аз ҷумла  дар ин давра Маркази саломатии ҷамоати Сайфиддин Кабуди ноҳияи Панҷ, Маркази саломатии деҳаи Лангари ноҳияи Муъминобод, Маркази саломатии С. Р. Афардии ҷамоати Деҳқонободи деҳаи Бобосафоли поёни ноҳияи Фархор, Бунгоҳи саломатии ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи  Ҳамадонӣ, Бунгоҳи саломатии деҳаи Бофандаи   Сарвати  Истиқлоли н.Кушониён, Бунгоҳи саломатии ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти  н. Вахш, Бунгоҳи саломатии ҷамоати деҳоти Машъалини Вахш, Бунгоҳи саломатии деҳаи Чапраӣ-2-и ҷамоати деҳоти Утақара  Назарови  н. Қубодиён, Бунгоҳи саломатии ҷамоати Оқсуи деҳоти  Боғпарвари  н. Данғара, Бунгоҳи саломатии ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзои н. Ховалинг, Бунгоҳи саломатии ҷамоати Даҳанаи деҳаи Лавоваин. Кулоб, сохтмони бахши ташхиси нурии Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара, таъмири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи  марказии н.Ҷ.Балхӣ, сохтмони Коллеҷи тиббии ғайридавлатӣ дар н. Ховалинг, сохтмони Маркази ташхисию табобатии  хусуси  “Ҷисми  солим” дар  н. Вахш   сохта ва аз таъмир бароварда шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки дар маросими ба истифода додани муассисаҳои тандурустии мазкур намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру навоҳии он иштирок намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 902
  • 1,242
  • 949,922