Сафари кории ҳайти Фонди ҳаёт ва воситаҳои зиндагӣ (LLF) ва Бонки исломии рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари кории ҳайти Фонди ҳаёт ва воситаҳои зиндагӣ (LLF) ва Бонки исломии рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сентябр 08
07:49 2022

4 сентябри соли равон сафари ҳайати кории Фонди ҳаёт ва воситаҳои зиндагии (LLF) ва Бонки Исломии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он то 10 сентябри соли равон идома меёбад.

Ҳадафи сафари мазкур-ба роҳ мондани ҳамкории судманд, боздид ва шиносоӣ аз татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон”  буда, зимни он ҳайати корӣ бо фаъолияти амалисозии лоиҳа шинос  шуданд.

Дар доираи сафари корӣ санаи 5 сентябри соли равон  меҳмонон бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи вазорат бо бонки мазкур мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин миён гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти як қатор ниҳодҳои мамлакат низ мулоқоту вохуриҳо доир намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин, 6 уми сентябри соли равон ҳайати Фонди ҳаёт ва воситаҳои зиндагии (LLF) ва Бонки Исломии Рушд аз ноҳияҳои баҳрагирандаи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон” дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак дидан намуда, бо ҷараёни татбиқи  он шинос  гардиданд.

Мақсади асосии лоиҳа ин дастраснамоии таҷҳизот ва рушди инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ, баланд бардоштани давраҳои омӯзишӣ, умуман беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи кӯмаки тиббию санитарӣ ва госпиталӣ дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи татбиқи лоиҳа мебошад.

Самтҳои фаъолияти асосӣ ва қисматҳои лоиҳа иборатанд аз рушди инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ ва дастраснамоии таҷҳизотҳои тиббӣ, аз ҷумла ба анҷом расонидани лоиҳаи сохтмонии Маркази саломатии бисёрсоҳавии (МСБ)  н. Данғара, таъмир ва барқарорсозии Беморхонаи марказии шаҳри Норак ва сохтмони Беморхонаи марказии  н. Ховалинг. Инчунин дастрас намудани таҷҳизотҳо ва маводҳои тиббӣ ба беморхонаҳои марказии чор ноҳияҳои таҷрибавӣ ва МСБ н. Данғараи вилояти Хатлон. Лоиҳа дар баробари аз ҷониби ЮНИСЕФ амалӣ гардидан, ҳамзамон ба 87 бунгоҳи тиббӣ, 42 марказҳои саломатии ноҳиявӣ ва деҳот, барои беҳтар намудани системаи интиқоли беморон таҷҳизоти замонавӣ ва 9 нақлиёти пурра ҷиҳозонидашудаи ёрии таъҷилии тиббӣ пешниҳод менамояд.

Инчунин, 7 сентябри соли равон дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рафти татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон”  ва натиҷагирӣ аз сафари кории ҳайати Фонди ҳаёт ва воситаҳои зиндагӣ (LLF) ва Бонки исломии рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, раиси минтақавии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукри, муовини директори Бунёди Билл ва Мелинда Гейтс оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Шарқӣ Ҷеймс Карти,  сариқтисоддони Хазинаи рушди Абу-Даби Аҳмад Хамис Ал Калбонӣ ва доираи васеи намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмононро бори дигар ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд, ки дар татбиқи як қатор лоиҳаҳо саҳми назаррас дорад, ёдовар шуд.

Қайд гардид, ки татбиқи босамари Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон”  идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Тоҷикистон бо бонки мазкур ба  шумор рафта, ҳадаф ва мақсади лоиҳа ба беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон мебошад.

Дар чорабинӣ вобаста ба рафти татбиқи лоиҳаи мазкур ба ҳозирин маълумот пешниҳод  карда шуд.

Дар идомаи нишасти матуботӣ рӯзноманигорон вобаста ба татбиқи лоиҳаи мазкур саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.

Бояд гуфт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2020 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 26,87 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 23 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Бонки Исломии Рушд /Фонди LLF, 1,01 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби Агентиҳои СММ (ЮНИСЕФ, ТУТ ва ЮНФПА) ва 2,86 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби саҳми Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 716
  • 1,242
  • 949,736