Иштироки намояндаи вазорат дар ҷаласаи кории сармутахассисони миллии соҳаи кори ҳамширагӣ ва момодоягии кишварҳои Осиёи Марказӣ

Иштироки намояндаи вазорат дар ҷаласаи кории сармутахассисони миллии соҳаи кори ҳамширагӣ ва момодоягии кишварҳои Осиёи Марказӣ
Сентябр 21
13:37 2022

Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2022, №221 «Дар бораи сафари хизматӣ» аз санаи 13 то 16 сентябри соли 2022 барои омӯзиш ва табодули таҷриба ва иштирок дар ҷаласаи кории сармутахассисони миллии соҳаи кори ҳамширагӣ ва момодоягии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2022 дар шаҳри Тел-Авиви Давлати Исроил баргузор гардид, сафари хизматии директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ» Бойназарова М.Ҳ. анҷом дода шуд.

Тибқи барномаи корӣ, оғоз аз санаи 14 сентябр вохӯрии тантанавии расмии сармутахассисони миллии соҳаи кори ҳамширагӣ ва момодоягии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ бо намояндагии Вазири тандурустии Исроил Нитзан Хоровитз, директори бюрои минтақавии Аврупоии ТУТ Ханс Клюге, сармутахассиси давлатӣ оид ба кори ҳамширагии Исроил Хонум Шоши Голдберг ва машваратчӣ оид ба сиёсати кори ҳамширагӣ ва момодоягии бюрои минтақавии Аврупоӣ Хонум Маргриета Лангинс баргузор гардид.

Мақсад ва вазифаҳои асосии сафари хизматӣ ба чунин самтҳо равона карда шуд.

Муҳокима ва мубодилаи таҷрибаи кишварҳои гуногун дар ҳалли масъалаҳои банақшагирӣ, ташкили ҷамъоварӣ, таҳлил ва мониторинги маълумоти миллӣ оид ба таъминоти кадрӣ дар кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ.

Муҳокима ва гирифтани маълумоти муфид аз маълумоти мавҷуда дар бораи муносибати ҳамгироии нигоҳубини ҳамширагӣ ва момодоягӣ ва натиҷаҳои идоракунии беморон.

Омодагии муассисаҳои тандурустии ҷаҳон ва хусусан аъзоёни гуруҳи кории сармутахассисони миллии соҳаи кори ҳамширагӣ ва момодоягии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ ба ҳолатҳои фавқуллода дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҳодисаҳои иқлиму табиатӣ, солимии руҳӣ-равонӣ ва кумаки аввалия равона шудааст.

Ба фаъолияти маркази аврупоии сармутахассисони миллии соҳаи кори ҳамширагӣ ва момодоягии аз нуқтаи назари муҳим баҳо додана самтҳои афзалиятноки минбаъдаи корро муайян намудан равона карда шуда буд.

Дар рафти сафари хизматӣ тибқи барномаи тасдиқгардида санаи 15 сентябр сармутахассисони миллии соҳаи кори ҳамширагӣ ва момодоягии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ ба Беморхонаи зертобеи маркази тиббӣ ба номи Хаима Шиба ташриф оварда шуд. Ҳамзамон дар заминаи маркази тиббии мазкур аз Беморхонаи равонии кӯдакона боздид карда шуд, ки беморхонаи мазкур асосан барои кӯдакони гирифтори бемориҳои руҳию равонӣ хизматрасонии тиббӣ мерасонад.

Ҳангоми ташриф ба беморхонаи зертобеи маркази тиббӣ ба номи Хаима Шиба ҳамзамон аз маркази омӯзишии инноватсионии тиббӣ боздид карда шуд, ки асосан дар маркази номбурда ҳамшираҳо ва момодояҳо пас аз хатми ихтисоси миёнаи тиббӣ дар давоми 1 сол таҷрибаомӯзиро бо мукаммал намудани сатҳи дониши назариявӣ ва асосан малакавиро аз худ менамоянд. Марказ бо дастгоҳҳои технологияҳои муосири тиббӣ, мулуҳҳои мавзӯӣ, кӯдакони навзод, зани ҳомиладор, таваллудкунанда, мониторҳои назоратӣ, рахтҳои кати идорашаванда ва дигар таҷҳзотҳои тиббӣ насб гардидааст, ки барои шунавандагон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Дар қисми нимаи дуюми рӯзи сафари корӣ аз дорухонаи маркази номбурда боздид карда шуд, ки дорухонаи мазкур низ бо технологияи муосири тиббӣ таҷҳизонида шудааст. Асосан барои тақсимоти маводҳои доруворӣ роботи автоматикии андроид бо шуури нейронӣ насб гардонида шудааст, ки маводҳои дорувориро аз рӯи талабот ва гурӯҳҳои доруворӣ ба мизоҷон интихоб, дастрас ва пешниҳод менамояд.

Қисми навбатии сафари корӣ бо баргузор гардидани мизи мудаввар анҷом дода шуд, ки дар он самтҳои асосӣ доир ба масъалаҳои зерин анҷом дода шуд:

банақшагирии аввалин, ғамхории фаъолона ва кордонӣ нисбат ба беморон;

вазифаҳои роҳбарӣ, ва тавонмандсозии ҳамшираҳои калон ва сарҳамшираҳо;

мушкилот ва имкониятҳои муосир барои нишон додани роҳбарӣ дар ҳамширагӣ тавассути васоити ахбори иҷтимоӣ;

омодасозии ҳамшираҳои тиббӣ, мушкилиҳо ва дурнамои кори ҳамширагӣ;

навоварӣ дар кори ҳамшираҳои тиббии ҷамъиятӣ (сатҳи аввалия);

модели инноватсионии ташкили нигоҳубин дар сатҳи аввалия ва таҳкими қувваи кории ҳамширагӣ;

мушкилоти муосир дар кори мутахассиси ҳамшираи клиникӣ;

беморхонаҳои муосири оянда;

истифодаи самараноки самтҳои Стратегӣ оид ба таҳкими кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ барои пешбурди афзалиятҳои миллии кори ҳамширагӣ ва момодоя;

нақши сармутахассисони миллии соҳаи кори ҳамширагӣ ва момодоягии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар таҳияи сиёсати миллӣ дар асоси далелҳо ва асосноккунии қарорҳои идоракунӣ ва сармоягузорӣ;

самтҳои стратегии корӣ барои фаъолияти минбаъдаи гуруҳҳои кории аъзоёни миллии соҳаи кори ҳамширагӣ ва момодоягии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ;

дарсҳои омӯхташуда барои омодагӣ ва барқароршавии беморон дар сатҳи беморхонаҳо.

Қайд кардан ба маврид аст, ки сафари хизматии анҷомдода бо истифода аз таҷрибаҳои омӯхташуда, пешниҳодҳо ва тавсияҳо дар оянда барои фаъолияти пурсамари кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ заминаи асосӣ гузошта, мусоидат хоҳад намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,038
  • 1,242
  • 950,058