Ҳамкории мутахассисони Тоҷикистону Қазоқистон дар самти пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд густариш меёбад

Ҳамкории мутахассисони Тоҷикистону Қазоқистон дар самти пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд густариш меёбад
Декабр 14
12:13 2022

Аз 11 то 18 декабри соли равон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда, табодули таҷриба ва чорабиниҳои якҷоя оид ба пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд як гурӯҳ мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  қарор дорад.

Маврид ба зикр аст, ки муҳимияти масъалаи ташкили ғизои аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқамандро ба инобат гирифта,  равобити байналмилалӣ, гузаронидани корҳои илмию таҷрибавӣ аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат пурзӯр гардида истодааст.

Дар доираи сафари корӣ байни  Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо” ва Академияи ғизои Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Инчунин мутахассисони Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ оид ба масъалаҳои муҳими ғизо ба курсҳои кутоҳмуддат фаро гирифта хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 712
  • 1,242
  • 949,732