Натиҷагирӣ аз татбиқи Барномаи кишварии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2022

Натиҷагирӣ аз татбиқи Барномаи кишварии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2022
Декабр 16
17:52 2022

Имрӯз, 16 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вобаста ба ҷамъбасти давраи 4-уми Барномаи кишварии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2022 ва муаррифии барномаи Кишварии нави (панҷуми)  хазинаи мазкур барои солҳои 2023-2026 дар Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу, роҳбарони як қатор кумитаҳо, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки Барномаи кишварии UNFPA  барои солҳои 2016-2022 дар ҳамкории зич бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идора ва кумитаҳои дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуда, дар давоми татбиқи он як қатор натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд.

Хосатан дар чаҳорчубаи амалишавии барномаи мазкур дар соҳаи демографӣ, омор, солимии репродуктивӣ, танзими оила, баробарии гендерӣ, пешгирии бемории ВИЧ/СПИД, пешбурди сиёсати ҷавонон, наврасон ва пиронсолон дастовардҳои назаррас ба мушоҳида расиданд.

Дар  ҷаласа намояндагони як қатор вазорату идораҳои  дахлдори кишвар вобаста ба иҷрои Барномаи кишварии ЮНФПА ва натиҷаҳои амалигардонии барномаи мазкур  баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 720
  • 1,242
  • 949,740