Дар вилояти Суғд 215 ҳуҷраи хатна таъсис дода шудааст

Дар вилояти Суғд 215 ҳуҷраи хатна таъсис дода шудааст
Октябр 30
08:43 2020

Баҳри иҷрои боби 3, моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2017 сол, №1461 «Дар бораи ворид намудани тайиғиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва иҷрои  банди 5-и фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2018, №431 «Дар бораи тасдиқи хуҷҷатҳои бақайдгирию омории соҳавии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани хатнаи кӯдакон» дар 9 моҳи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Дар муассисаҳои соҳаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, дар назди таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои ҷарроҳии кӯдаконаи шаҳру ноҳияҳо 215 ҳуҷраҳои хатна таъсис ва  бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин шуда, аз рӯӣ талаботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чун ҳуҷра барои бозии кӯдакон ороиш дода шудааст.

Давоми 9 моҳи соли 2020 дар вилояти Суғд 15573 амалиёти хатнаи кӯдакон гузаронида шудааст.

(Дар акс ҳуҷраи хатнаи кӯдакон)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 290
  • 638
  • 861,541