Мухтасари натиҷаҳои ҳосилшуда аз татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар соли 2022

Декабр 20
11:58 2022

Дар заминаи ваҳдату ягонагӣ, пойбарҷо будани Истиқлолияти комили давлатӣ  соҳаи тандурустӣ, ки ҳомии сиҳатии сокинон аст, дар қатори дигар соҳаҳои муҳим дар қаламрави мамлакат  рушду намӯи хоссаеро касб кардааст. Ҳамин аст, ки дар давоми Соҳибистиқлолии кишвар  шумораи беморхонаву дар умум муассисаҳои соҳаи тандурустӣ якчанд маротиб зиёд гардида, марказҳои сиҳатӣ бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ таъмин гардиданд ва дар замина вазъи хизматрасонии тиббӣ боло бардошта шуд, инчунин дастовардҳои илмиву амалии соҳавӣ боис гашт, ки мушкилтарин ҷарроҳиҳо бо ҳузури мутахассисони соҳибтаҷриба дар дохили кишвар бароҳ монда шавад.

Ҳамин аст, ки дар тамоми давру замон соҳаи тандурустӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок эътироф шуда, дар доираи татбиқ ва роҳандозии барномаҳои гуногуни давлатӣ дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расидаанд. Ҳамин аст, ки дар давоми қариб се даҳсолаи охир ва ё таи солҳои Истиқлоли комили миллӣ соҳаи тандурустӣ дар мамлакат бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Маврид ба тазаккур аст, ки дастовардҳои илмиву амалӣ дар сохтори муассисаҳои  тандурустии сар то сари мамлакат ба миён омадааст. Агарчӣ дар солҳои қаблӣ вазъи хизматрасонии босифати тиббӣ ва гузаронидани амалиёти ҷароҳии хурду бузург дар муассисаҳои тиббии шаҳрҳову маркази вилоятҳо гузаронида мешуд, имрӯзҳо рушди соҳаи тибб дар дурдасттарин минтақаҳои кишвар баръало мушоҳида мегардад.

Тибби оилавӣ ва рушди низоми хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалия тиббӣ, ки заминаи пешгирии хуруҷи бемориҳо ва таъмини сиҳатии сокинон дониста мешавад аз рӯзҳои аввали Соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷӯҳи роҳбарити олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.  Ҳамин аст, ки татбиқ гардидани Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ аз иқдомоти амалии ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дониста мешавад.

Маврид ба тазаккур аст, ки Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ аз қабилӣ:  А. Ҷомӣ, Кушониён, Кулоб, Ҳамадонӣ, Ёвон, Фархор, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён ва Данғараи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Спитамен, Деваштич, Зафаробод,  Ҷ.Расулов ва Масчоҳи вилояти Суғд, ноҳияи Файзободи НТМ, ноҳияи Дарвози ВМКБ амалӣ мегардад, дар рушди низоми хизматрасонии тиббӣ нақши кадирӣ иҷро менамояд.

Азнавсозии марказҳои саломатии деҳот, таъмин намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, нақлиёти ёрии тиббӣ ва хизматрасонӣ,   таъмири копиталии як қатор муассисаҳои тиббии  зери сарпарастии он қарордошта аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” арёбӣ мегардад.

Аз замони татбиќ гардидани Лоиҳаи мазкур дар кишвар, ки ҳанўз аз соли 2013 оѓоз ёфтааст, дар низоми муассисаи кўмаки аввалияи тиббии ноҳияҳои таљрибавї таѓироти куллї ба миёон омад. Агар ба татбиқи Лоиҳаи мазкур дар соли 2022 назар афканем дармеёбем, ки дар ин давра як қатор дасторвадҳо бобати рушди хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияи таҷрибавӣ ҳосил шудааст.

Аз ҷумла дар доираи  чорабиниҳо оид ба таҷдиду рушди соҳаи тандурустӣ татбиқи механизми ворид намудани маблағгузории сарикасӣ дар ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ ба шумор меравад.  Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад, дар ин самт  корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.  Дар ибтидои соли 2022 бо мақсади муҷаҳҳаз гардонидани заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2015, № 827 “Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар  муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию снитарӣ”, маҷмуи таҷҳизоти компютерӣ барои татбиқи маблағгузории сарикасӣ харидорӣ карда шуда, ба дастгоҳи марказии вазорат, раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, ба муассисаҳои кумаки аввлияи тиббию санитарии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрас карда шуд. Аз ин номгўй таҷҳизот 70 адади он ноотбук, 2 адад компютер (моноблок), 67 адад принтер, 65 адад модем ва 1 адад дастгоҳи нусхабардорӣ буда, барои беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ ва сари вақт ҷорӣ намудани механизми маблағгузории сарикасӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳанд менмояд.

Ҳамзамон, дар самти амалишавии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” яке аз фаъолиятҳои пешбинишуда, ворид намудани системаи электронии муроҷиати шаҳрвандон мебошад, дар соли 2022 механизм дар доираи рушди ҳукумати электронӣ, бо назардошти  қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”  таҳия гардид.

Ба хотири фаъолияти самаранок дар ин самт барои шуъбаи умумии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва намояндагиҳои он дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ  таҷҳизоти махсус (серверҳо) харидорӣ ва насб карда шуданд.  Тариқи  ин таҷҳизот хати  интернети оптикӣ гузаронида шудааст. Дар баробари ин, барои ҳар яки ин марказҳо таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ ва насб карда шуд. Тавассути  системаи мазкур тартиби муроҷиати шаҳрвандон ба тариқи электронӣ роҳандозӣ гардид, ки барои  сарфаи вақт ва маводи  конселярӣ мусоидат менамояд. Бо дастрасӣ ба ин тартиб ҳамаи шаҳрвандони кишвар ва берун аз марзи Тоҷикистон қарордошта метавонанд тавассути почтаи электронӣ, тариқи зангҳои телефонӣ бо дилхоҳ дархосту пешниҳод ва арзу шикоят ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат кунанд.

Дар моҳи феврали соли 2022 бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва заминаи моддию техникӣ дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, дар асоси Нақшаи кории Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” -и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои давлатии таълимӣ дар самти тибби оилавӣ борхалтаҳои тиббӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд. Ин борхалтаҳои тиббӣ, ки аз таҷҳизоти зарурӣ барои расонидани ёрии таъҷилии тиббию снитарӣ ва ташхиси аввалия иборат мебошанд,  ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” ва зерсохторҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кафедраи тибби оилавии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тадурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар заминаи Маркази саломатии шаҳрии №1 дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд. Борхалтаҳои тиббӣ барои табибони омӯзгор 55 адад ва барои омӯзгорони кормандони миёнаи тиб 24 адад дастрас карда шуд. Ҳамзамон, борхалтаҳои тиббӣ барои 35 нафар табибон ва 107 нафар кормандони миёнаи тиб, бозомӯзони даври дуюми бозомӯзии шашмоҳа аз рӯи ихтисоси “Тиббӣ оилавӣ” аз ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа ва ординаторони клиникӣ аз рӯи ихтисоси “Тибби оилавӣ” аз  кафедраи тибби оилавии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тадурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод карда шуд. Қаблан низ аз тарафи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, барои таълимгирандагони даврҳои омӯзишии шашмоҳаи тибби оилавӣ борхалтаҳои тиббӣ харидорӣ ва дастрас карда шуда, чунин иқдомот дар соли соли 2022 ва солҳои пешин амалӣ карда шуданд.

Дар моҳи апрели соли 2022 зимни сафари корї ба вилояти Хатлон  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода,  роҳбари дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли ва аъзоёни Миссияи навбатии Бонки ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии хонум Мирия Шоблум сурат мегирад,  аз марказҳои саломатии деҳоти ноҳияи Данғара боздид ба амал оварданд.

Меҳмонон зимни сафар  ба маркази саломатии “Навобод”, ки дар масофаи беш аз 35 км аз маркази маъмурии ноҳия ҷойгир аст, ташриф оварданд. Маркази саломатии деҳотии “Навобод” аз ҳисобии маблағҳои грантии Лоиҳа ба маблағи 174 589 доллари ИМА сохта шуда, моҳи августи соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.  Дар баробари ин Маркази саломатии деҳотии мазкур бо таҷҳизотои тиббӣ ба маблағи 17 320  доллари ИМА, занҷираи сармоӣ, аз ҷумла: яхдон барои нигоҳкунии ваксинаҳо, зарф барои интиқоли ваксинаҳо, зарф барои ях, ҳароратсанҷ, ҷузвдон ва ғайра ба маблағи 3 649,3 доллари ИМА, як адад мошини ёрии таъҷилӣ ба маблағи 30 000 доллари ИМА, мебелҳои тиббӣ ба маблағи 11 858,93 доллари ИМА, таҷҳизотҳои компютерӣ ба маблағи 1238,3 доллари ИМА ва борхалтаҳои тиббӣ ба маблағи 901 доллари ИМА таъмин карда шудааст.Дар доираи татбиқи маблағгузори аз рӯи натиҷаҳои фаъолият (МАНФ) 171 222,3 сомонӣ пардохт карда шуд. Аз ҷумла, 119 855,6 сомонӣ дар шакли иловапулӣ ба кормандон ва 51 366,7 сомонӣ барои нигаҳдории маркази саломатии деҳот.

Ҳамчунин гуруҳи корӣ аз рафти фаъолияти маркази саломатии деҳоти “Хуррамзамин”, ки дар доираи маблағгузорӣ аз руи натиҷаи фаъолият амал мекунад, боздид ба амал оварданд. Маркази саломатии деҳоти “Хуррамзамин” аз соли 2016 дар доираи маблағгузории иловагии якуми Лоиҳа фаъолият менамояд. Шумораи аҳолии вобасташуда 8400 нафар ва шумораи хонаводаҳо 1911 адаро ташкил медиҳад. Аз аввали амалисозии Лоиҳа то баҳолати сафар барои маркази саломатии деҳоти “Хуррамзамин” таҷҳизоти компютерӣ ва борхалтаҳои таббӣ ба маблағи умуми 2 113,7 доллари ИМА харидорӣ карда шудааст. Дар доираи татбиқи маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият (МАНФ) 381 729,7 сомонӣ пардохт карда шуда аст. Аз ҷумла, 267 210,8 сомонӣ дар шакли иловапулӣ ба кормандон ва 114 518,9 сомонӣ барои нигаҳдории маркази саломатии деҳот. Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ аз соли 2016 дар ноҳияи Данғара татбиқ гардида истодааст. Манфиатгирандагони Лоиҳаро 147 124 аҳолии вобасташуда ва 413  кормандони тиббии муассисаҳои КАТС ташкил мекунанд. Миқдори умумии муассисаҳои шабакаи КАСТ, ки дар онҳо маблағгузорӣдар асоси натиҷаи фаъолият амалӣ гашта истодааст 62 муассисаро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, 27- маркази саломатии деҳот ва 35- бунгоҳҳои саломатӣ.

Дар моҳи июни соли 2022 бошад ҷамъдасти курси бозомӯзии кормандони муассиаи КАТС-и ноҳияи Дарвоз сурат гирифт.  Беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва тақвияти заминаи моддию техникӣ дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумлаи ҳадафҳои осаии фаъолияти  Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар доираи фаъолияти якҷояи Лоиҳа бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” ва зерсохторҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, давраҳои бозомузии шашмоҳа аз руи ихтисоси “Тибби оилавӣ” дар чанд давр роҳандозӣ гардиданд.Даври дуюми бозомӯзии шашмоҳа дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, 12 нафар кормандони миёнаи тиб аз рӯи ихтисоси “Тибби оилавӣ”  ба таҳсил фаро гирифта шуданд.     Бозомузон дар давраи таҳсил бо маблағи кирояи манзил ва идрорпулӣ таъмин карда шуданд. Дар даври якуми ин омузиш,дар соли 2021, 11 нафар корманди миёнаи тиб соҳиби ихтисоси “Тибби оилавӣ” гардида буданд. Ёдовар мешавем, ки аз тарафи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, барои таълимгирандагони даврҳои омӯзиши шашмоҳаи тибби оилавӣ 60 адад борхалтаҳои тиббӣ, барои  роҳандозии омӯзиши фосилавӣ ба ҳамаи 7 марказҳои саломатии деҳот таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ ва дастрас карда шуданд.

Дар ин давра, ҳамзамон дар доираи Лоиҳа Муассисаи  давлатии  “Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон” ҷиҳати дар сатҳи баланд бароҳ мондани курсҳои бозомӯзии тибии оилавӣ бо дастгоҳҳои муляж ва фантом ё худ маникентҳо барои омӯзиши кумаи авввалият тиббӣ ба маблағи 24 930 доллари Амрикоӣ таъмин гардид.

Ин ҳам дар ҳолест, ки агарчӣ фаъолияти тибби оилавӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз аз соли 1998 бо ҳадафи дар сатҳи баланд бароҳ мондани хизматрасониҳои тиббию санитарӣ  ҷорӣ гардид, вале дар ҳамкории судманд бо шарикон оид ба рушд ин шохаи тибб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дасторвадҳои назарраси илмиву амалӣ дастёб шудааст. Маврид зикр аст, ки  дар доираи дастгириҳои Лоҳаи мазкур таваҷӯҳи мутахассисон ба шохаи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар мегардад ва сафи табибони оилавӣ ҳамоно рӯ ба афзоиш овардааст. Дар моҳи июни соли 2022 дар доираи дастгириҳои Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” боз як шумори муаяни мутахассисони тибб дар вилояти Хатлон курси бозомӯзии тибби оилавиро хатм намуда, бо диплом ва борхалтаҳои тиббӣ ва протоколҳои клиникӣ  таъмин шуданд, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат хоҳад кард. Дар доираи Лоиҳа Муассисаи  давлатии  “Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон” ҷиҳати дар сатҳи баланд бароҳ мондани курсҳои бозомӯзии тибии оилавӣ бо дастгоҳҳои муляж ва фантом ё худ маникентҳо барои омӯзиши кумаи авввалият тиббӣ ба маблағи 24 930 доллари Амрикоӣ таъмин гардид.

Инчунин дар соли 2022 таъмири капиталии як зумра муассисаҳои тиббӣ дар доираи татбиқи Лоиҳа гузаронида шуда, бо муҷаҳаз намудан бо дастгоҳу лавозимоти тиббї марказҳои саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Маврид ба тазакур аст, ки Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки он таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ аз соли 2013 инҷониб бо ҳадафи  такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббии деҳоти 16 ноҳияҳои таҷрибавии  вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Файзободу Дарвоз,  бо ҳамбастагӣ дар такмили иқтидори кадрӣ, ҳолати инфрасохтор ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС фаъолият мебарад аз зумраи лоиҳаҳои муваффақ дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Бояд зикр намуд, ки дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар маблағгузории якум, бо мақсади такмили инфрасохтори муассисаҳои КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ корҳои сохтмонию азнавсозии 37 муассисаҳои тиббӣ дар 9 ноҳия таҷрибавӣ ва таъмири Маркази таълимию клиникии  тибби оилавии дар вилояти Хатлон ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки арзиши умумии сохтмони муассисаҳо 6 688 240 доллари ИМА-ро ташкил доданд ва ин раванд бомаром идома дорад.

Дар соли 2022, аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду адад автомашинаҳои тамғаи “IVECO”, ки бо яхдон таҷҳизонида шудааст (Авторефрижератор), ҳамчун кӯмаки башардустона ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» – и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд, ки арзиши ҳар як автомашина 48 ҳазору 800 долари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад нақлиёти мазкур  бо мақсади беҳтар гардонидани дастрасии хизматрасониҳо оид ба саривақт ва бехатар интиқол намудани ваксинаҳои зидди сирояти нави коронавируси COVID-19 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз он ҷумла ваксинаҳое, ки ба ҳарорати гармӣ ҳасосияти зиёд доранд  аз қабиӣ; Файзер, Модерна ва Гам-ковид-Вак ва ғ мусоидат менаомяд.

Дар моҳи июли соли 2022  маросими навбатии тақдим гардидани 15 нақлиёти ёрии таъҷилӣ,   маникенту фантомҳо барои тибби оилавӣ, таҷҳизоти компютерӣ, ноотбук ва планшетҳо, таҷҳизоти тиббӣ барои ноҳияҳои нав шомили лоиҳа гардида, борхалтаҳои тиббӣ, маводҳои иттилоотӣ, маҷмуи дастурҳои клиникӣ ва дастурамалҳо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифмзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар рафти баргузории чорабинӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дафтари намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ва намояндагони муассисаҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок доштанд.

Маврид ба тазккур аст, ки қаблан дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур 20 адад мошини ёрии таъҷилӣ харидорӣ шуда буд. Ҳамчунин, дар ин руз барои Маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти Суғд фантому маникенҳо барои тақвият бахшидани базаи моддию техникии  таълимӣ  ба маблағи 24 930 дол. ИМА тақдим карда шуд. Қаблан чунин як маҷмуи дастгоҳҳои таълимӣ барои Маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти Хатлон дастрас шуда буд.

Дар ин чорабинӣ намунаи таҷҳизоти тиббие, ки барои 76 Маркази саломатии деҳоти ноҳияҳои таҷрибавӣ, ба маблаги 381 302 доллари ИМА харидорӣ шудааст, ба иштирокчиёни  ин чорабинӣ намоиш дода шуд.

Дар ин давр бо дастгирии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” – и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ – №D547 – TJ) дар ноҳияи таҷрибавии Дарвоз бо мақсади пурзур намудани потенсиали  шабакаи муассисҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии (КАТС) ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ 4 ноябри соли 2022 даври дуюми сайёри  бозомӯзии шашмоҳа аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ барои 13 нафар кормандони миёнаи тиббии КАТС дар заминаи муассисаҳои давлатии “Маркази саломатии ноҳиявӣ” ва “Беморхонаи марказии ноҳия”-и Дарвози ВМКБ бомуваффақият ба анҷом расид.

Барои амалӣ гардонидани ду даври бозомӯзии сайёри шашмоҳа барои кормандони миёнаи тиббӣ аз марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ байни Лоиҳаи “ Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-и назди ВТҲИА ҶТ, Муассисаи давлатии “ Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” ва Муассисаи давлатии “ Маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ” – и ВМКБ моҳи апрели соли 2021 Созишнома  ба имзо расонида шуда буд.

Дар моҳи октябри соли 2022  бошад, ду адад мошини хизматиитамғаи  Хундай туксон (Hyundai Tucson) барои мусоидат дар гузаронидани верификатсияи дохилӣ,  баҳодиҳӣ ва санҷиши фаъолияти муассисаҳои тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, ба намояндагони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақдим гардид.  Гуфта мешавад ҳадаф аз  амалинамоии ҳама лоиҳаҳои инвеститсионӣ дастгирии ин ё он саҳа аст. Дар самти  ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустии аҳолӣ низ лоиҳаҳое амалӣ мешаванд, ки барои рушди соҳа ва дастгирии бештари муттахассисон равона карда шудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ фаъолият дорад,  дастгирии мутахассисони соҳаи тиб дар 16 ноҳияи таҷрибавӣ аст. Дар ин ноҳияҳо  кормандон  бо маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) бархурдор буда, барои сифатнокии химатрасонӣ  ва кумаки саривақтӣ  дастгирӣ карда мешаванд.

Бо мақсади иҷроиши талаботҳои муқаррарнамудаи “Дастурамал оид ба амалисозии МАНФ” Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, барои гузаронидани верификатсияи дохилии нишондиҳандаҳои муассисаҳои таҷрибавӣ интихоб гардида,  дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи татбиқкунандаи Лоиҳа фаъолияти босамар  дорад. Аз ибтидои татбиқи Лоиҳа то ба имрӯз ҳамагӣ 24 давраи верификатсияи дохила дар  муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияи Файзобод (НТҶ) ва Дарвоз (ВМКБ) гузаронида шудааст.  Дар давраи верификатсия аз ҷониби мутахассисони масъули Хадамоти назорати давлатии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мушовирони соҳавӣ, сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ, инчунин эътимоднокӣ ва дақиқии маълумотҳои аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббӣ пешниҳодшуда, барои пардохти маблағҳои иловагӣ дар асоси натиҷаи фаъолият муайян ва тасдиқ карда мешавад. Дар доираи амалишавии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, бо мақсади дастгирии бештари  мутахассисони Хадамот ва фароҳам овардани  шароити мусоиди корӣ, ба онҳо таҷҳизоти техникиву компютерӣ харидорӣ ва дастрас карда шуда буд.

Дар моҳи октябри соли 2022 дар доираи ташрифи   намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 6 октябри соли равон сурат гирифт, Аксел фон Тротсенбург –  Директори идоракунандаи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба амалиёт, Анна Бьерде – Ноиби президенти Бонки умумиҷаҳонӣ  оид ба минтақаҳои Аврупо ва Осиёи марказӣ, Татяна Прскурякова – Директори минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ  бо ҳадафи натиҷагирӣ аз амалишавии лоиҳаҳои дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Бонки умумиҷаҳонӣ амалишаванда аз ноҳияи Файзобод дидан ба амал оварданд.

Меҳмононро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, инчунин доираи васеъи намояндагони вазорату идораҳо ва шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар доираи сафари корӣ меҳмонон ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст аз маросими намоишгоҳи гӯшаҳои лоиҳаҳои дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиаҳонӣ татбиқшаванда дидан намуданд. Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар ноҳияи Файзобод 3 лоиҳа;  Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” дар назди вазоратҳои молия, маориф ва илм ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Лоиҳаи “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ” дар назди вазоратҳои молия ва кишоварзӣ татбиқ мегарданд. Ҳамзамон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ аз рафти фаъолият дар маркази саломатии деҳоти “Дубеда”-и ноҳияи Файзобод, ки дар дораи татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шудуаст, дидан намуда, аз натиҷаҳои ҳосилшуда дар доираи амашавии Лоиҳа  изҳори қаноатмандӣ намуданд. Маврид ба тазаккур аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори КАТС дар ноҳияи Файзобод ду маркази саломатии деҳот “Дубеда” ва “Орифон” сохта ба истифода дода шуда, ҳарду муассиса бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ пурра таҷҳизонида шудааст. Татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар ноҳияи Файзобод дар доираи маблағгузории иловагии якум соли 2016 оғоз ёфта, баҳри баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии кишвар равона шудааст. Миқдори умумии муассисаҳои шабакаи КАТС-и ноҳияи Файзобод, ки дар он МАНФ амалӣ карда мешавад, 41 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла, 16 маркази саломатии деҳот ва 25 бунгоҳи саломатӣ мебошанд.

То ба ҳолати моҳи октябри соли 2022 бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Файзобод аз ҷониби Лоиҳа як адад автомашина барои гузаронидани назорати сарпарастӣ, таҷҳизоти тиббӣ барои ду адад МСД-и сохташуда (85 номгӯй) ва ду адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ (123 802 доллари ИМА), таҷҳизоти тиббӣ барои 11 МСД-и амалкунанда (42 номгӯ) ва 26 бунгоҳҳои саломатӣ (16 номгӯ ба маблағи умумии 233 370 доллари ИМА) мебели тиббӣ барои МСД-и сохташуда,   таҷҳизоти компютерӣ (ноутбук – 36 адад, планшет – 44 адад, принтер – 20 адад ва 1- проектор/экран), борхалтаҳои тиббӣ ба миқдори 275 адад (87 барои табибон ва 188 барои кормандони миёнаи тиб) таҷҳизоти зарурии занҷираи хунукӣ барои нигоҳдорӣ ва нақли ваксинаҳо, генератор барои таъминоти муттасили барқ ба муассисаи сохташудаи МСД «Орифон»   харидорӣ шуданд. Дар давраи муқовимат ба пандемияи COVID-19 барои муассисаҳои тиббии ноҳия 30 адад пулсоксиметр ва 30 адад термосканерҳо  дода шудааст.  Аз аввали татбиқи Лоиҳа ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба ноҳияи Файзобод 1 611 101,19 доллари ИМА-ро ташкил намуд.

ҲАДАФ

Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа аз такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути усулҳои муосири маблағгузории  соҳаи тандурустӣ,  асосан “Маблағгузорӣ дар асоси  натиҷаҳои фаъолият” ватакмили заминаи моддию техникӣ ва иқтидори кадрии муассисаҳои КАТС иборат мебошад

Лоиҳа дар муассисаҳои тиббии деҳоти 16 ноҳияҳои таҷрибавии  вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Файзободу Дарвоз фаъолият дорад. Арзиши умумии Лоиҳа 45 миллиону 232 ҳазор дол. ИМА мебошад.

Дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар маблағгузории якум, бо мақсади такмили инфрасохтори муассисаҳои КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ корҳои сохтмонию азнавсозии 37 муассисаҳои тиббӣ дар 9 ноҳия таҷрибавӣ ва таъмири Маркази таълимию клиникии  тибби оилавӣ дар вилояти Хатлон ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд. Арзиши умумии сохтмони муассисаҳо 6 688 240 долларро ташкил доданд.

Барои 37 марказҳои саломатии деҳоти навсохташудаи ноҳияҳои таҷрибавӣ, 24 номгӯи мебели тиббӣ ба  маблағи 505526 доллари ИМА,  таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 1 685 765,5 доллари ИМА, занҷираи сармоӣ ба  маблағи 146743,4 доллари ИМА, 17 панелҳои қудратии офтобӣ ба  маблағи 417 830 доллари ИМА , 11 генератор бо қисмҳои эҳтиётӣ ба  маблағи 77678 доллари ИМА харидорӣ ва дастрас карда шуданд.

Ҳамчунин барои рушди соҳа ва шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз тарафи Лоиҳа, 35 адад мошини ёрии таъҷилӣ   харидорӣ шуда, ба ноҳияҳои таҷрибавӣ дастрас карда шудааст.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 932
  • 1,242
  • 949,952