Маълумот оид ба вазъи саломатии 48 нафар сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки баъд аз истеъмоли қурутоб дар онҳо ҳолатҳои дилбеҳузурӣ мушоҳида гардид

Январ 26
11:00 2023

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи  24 январи соли 2023 дар ҷамоати деҳоти Чаган, деҳаи Чагани нави ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон соати 8-и субҳ пас аз истеъмоли хӯроки қурутоб  48 нафар сокини деҳаи мазкур дар худ дилбеҳузурӣ ҳис намуданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ 24 нафари онҳо ба Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва 24 нафари дигарашон ба Беморхонаи рақамии ҷамоати деҳоти мазкур бистарӣ гардиданд.

Ҳангоми ворид шудани беморон ба беморхонаҳо  ҳолати беморон нисбатан қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар миёни онҳо хушбахтона беморони вазнин набуд.

Новобаста ба ин, тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи мазкур сафарбар карда шуданд.

Хушбахтона, натиҷаи таҳлилҳои озмоишгоҳӣ нишон дод, ки шаҳрвандон ба ягон ҳолати заҳролудшавӣ мубтало нашудаанд. Танҳо истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дар қурутоб боиси дилбеҳузурии шаҳрвандон гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки беморон як шабонарӯз дар беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор гирифта, санаи 25 январи соли равон дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 599
  • 1,242
  • 949,619