Таҳти сарпарастии Лоиҳа “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” аз таъмири куллӣ бароварда шудани 9 Маркази саломатӣ дар ноҳияи Кушониён

Таҳти сарпарастии Лоиҳа “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” аз таъмири куллӣ бароварда шудани 9 Маркази саломатӣ дар ноҳияи Кушониён
Феврал 28
09:45 2023

Дар доираи фаъолияти бомароми Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ фаъолият мебарад дар рушду нумӯи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии як қатор минтақаҳои кишвар корҳои назаррасе пиёда гардидаанд.

Дар тули татбиқи Лоиҳаи мазкур бо азнавсозии марказҳои саломатии деҳот, таъмин намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, нақлиёти ёрии тиббӣ ва хизматрасонӣ корҳои назарраси зиёде пиёда гардиданд. Дар солҳои охири фаъолияти Лоиҳа таъмири копиталии як қатор муассисаҳои тиббии  зери сарпарастии он қарордошта ва бо таҷҳизоти муоссири тиббӣ таъмин намудани онҳо аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” арёбӣ мегардад.

Бояд зикр намуд, ки то ба соли 2020  татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 10 ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд;  Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён ва Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ амалӣ гардида, дар замина корҳои назарраси ҳамгуфте пиёда шуд, вале аз оғози  соли 2021 фарогирии татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ афзоиш ёфт ва 6 ноҳияи   нави таҷрибавии ҷумҳурӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, инчунин ноҳияи  Дарвози ВМКБ шомил гардонида шуданд. Ҳамин тавр, татбиқи механизми Лоиҳа дар 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ аз оғози соли 2021 то охири нимсолаи якуми соли 2023 идома пайдо хоҳад кард.

Дар солҳои охири татбиқи Лоиҳа таъмири кулии марказҳои саломатӣ  дар 6 ноҳияи нави таҷрибавӣ аз ҷумда ноҳияи Кушониён  бомаром идома доранд.

Дар доираи татбиқи Лоиҳа дар 13 Маркази саломатии ноҳияи мазкур корҳои таъмирӣ ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ амалӣ гардид, ки айни замон 9 Маркази саломатӣ, аз ҷумла; Марказҳои саломатии деҳоти “Уртабуз”,  “К. Гулов”,   “Истиқлол”,   “Донёрқул”,   “Навбаҳор”,   “Навкор”,  “Шуъбаи-1”,   “Комсомол”,  “Сарвати Истиқлол”, аз таъмири куллӣ бароварда шуд ва дар боқимонда марказҳо аз ҷумла: Марказҳои саломатии деҳоти “Бустон-Қала”,   “Сабзавод”,   “Навобод”,  ва “Шуъба-4”  таъмири куллӣ идома дорад. 

 Ин ҳам дар ҳолест, ки аз аввали соли 2022 дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳия  дар доираи татбиқи татбиқи маблағгузории аз рӯи натиҷаҳои фаъолият 164102,49 доллари ИМА дар шакли иловапулӣ ба кормандон ва барои нигаҳдории МСД ва БС-ии ноҳия пардохт карда шуд.

Бо мақсади беҳтаргардонии иқтидори кадрии сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 24 нафар мутахассисон  бо давраҳои бозомӯзии тибби оилавӣ фаро гирифта шуданд. Дар баробари ин, бо мақсади беҳтаркунии заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳия 24 адад қуттиҳо барои муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба маблағи 826,19 доллари ИМА, 26 адад ноутбук барои маркази саломатии деҳот ба маблағи 18 458,32 доллари ИМА, 7 адад борхалтаҳои тиббӣ барои кормандони миенаи тибб ба маблағи 2031,2 доллари ИМА ва таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 194806,41  доллари ИМА, 13 адад генератор ва 13 адад обгармкунаки офтобӣ ба маблағи 81315,0 доллари ИМА, як адад автомашинаи хизмати ва маводҳои иттилоотӣ оид ба муроҷиати шаҳрвандон ба маблағи 394,10 доллари ИМА харидори карда шуд.  Бо мақсади такмили инфрасохтори муассисаҳои КАТС-и ноҳия дар доираи Лоиҳаи гузаронидани корҳои таъмири дар 13  маркази саломатии деҳот  ба назар гирифта шудааст. Аз аввали соли 2022 корҳои таъмири  дар 13  маркази саломатии деҳот оғоз ва барои иҷроиши корҳои таъмири 362119,1 доллари ИМА пардохт карда шуд.  Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар н. Кушониён аз аввали соли 2022- 835 924,26    доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии маблағҳои  азхудшуда дар ноҳияи  Кушониён аз аввали татбиқи Лоиҳа   987 717,57   доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 967
  • 1,242
  • 949,987