10 апрели соли равон дар бинои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ вохурии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гашт. Дар вохурӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва роҳбарони як қатор муассисаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат вохуриро ифтитоҳ намуда, меҳмонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки коррупсия падидаи номатлуб ба ҳисоб рафта, он монеаи рушду пешрафти ҷомеа мегардад ва аз ин рӯ, мубориза бар ин падидаи номатлуб кори дастаҷамъонаро талаб менамояд.
Дар идомаи вохурӣ намояндаи Агентӣ баромад намуда, зимни суханронии хеш доир ба омилҳои пайдоиш ва хавфи коррупсия ибрози назар намуда, аз ҷумла қайд кард, ки маҳз кӯшиш ва талошҳои дастаҷамъонаи ҷомеа метавонад ин падидаи номатлубро решакан созад.