Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони Бонки Олмонии Рушд

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони Бонки Олмонии Рушд
Апрел 18
17:41 2023

Имрӯз, 18 апрели соли 2023 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Олмонии Рушд хонум Вероника Гарсия дел Арко ва Андреас Шнайдер  вохурӣ намуд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки Бонки Олмонии Рушд  тайи солҳои охир ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат кӯмаки назаррас расонида истодааст.

Аз ҷумла, айни замон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бонки мазкур лоиҳаҳои «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, марҳилаҳои 2-5» ва «Мубориза бар зидди бемориҳои сил, марҳилаи 5»-ро амалӣ намуда истодааст.

Бояд гуфт, ки аз соли 2022 дар доираи Лоиҳаи «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон» марҳилаи 6 низ оғоз гардид. Дар доираи марҳилаи 6-ум сохтмон ва таҷҳизонидани Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Лоиҳаҳои мазкур аз муқаррароти созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ сарчашма гирифта, тавассути ҷалби ширкати байналмилалии консалтингии Гопа/Инфра/Эпос татбиқ мегарданд.

Вохурӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 632
  • 1,242
  • 949,652