Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе
Январ 19
16:28 2024
Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ  19 январи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз Маркази саломатии №13 ва Таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе дидан намуд.
 Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои номбурда шинос шуда, инчунин аз рафти табобати беморон низ дидан намудаву бо наздикон ва пайвандони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.
Аз ҷумла зимни боздид аз Таваллудхонаи №2 гуфта шуд, ки хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ташрифи роҳбарияти вазорат ба муассисаҳои тандурустӣ-ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, таҳлил ва баррасии вазъи соҳа ва дар ин замина бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,108
  • 1,242
  • 950,128