Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон
Феврал 09
10:41 2024

Имрӯз, 9-уми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва омилҳои фавт дар ин соҳа, инчунин бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, роҳбарон ва кормандони як қатор таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҷаласа вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар муассисаҳои тандурустӣ таҳлил ва баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки айни замон масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор  дорад.

Махсусан, дар ҷаласаи мазкур ба масъалаҳои пешгирии фавти модарону кӯдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт фаъолияти хешро аз пештара бештар пурзӯр намоянд.

Дар анҷоми ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 621
  • 1,242
  • 949,641