Хатлон: Вохурии масъулин бо кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Хатлон: Вохурии масъулин бо кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ
Март 28
13:09 2024

Бо мақсади пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамзамон соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ”  дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон вохурии намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии вилояти мазкур доир гардид.

Дар вохурии мазкур сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Давлатзод Собирҷон ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шайдулло Шарифов иштирок намуданд.

Зимни вохурӣ сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Давлатзод Собирҷон  баромад ва доир ба сабабу омилҳои пайдоиш, роҳҳои пешгирӣ ва ташаббусу иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеа суханронӣ намуд.

Бо назардошти он, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятнок маҳсуб меёбад, пешгирии амалҳои коррупсионӣ низ дар ин бахши ҳаётан муҳим зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар ин замина, аз кормандони соҳаи тандурустии вилоят бори дигар даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба дастгирӣ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди кору фаъолият, баҳри решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеа аз пештара бештар кӯшишу талоши хешро равона созанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 738
  • 1,242
  • 949,758