Зиёда аз 50 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз ташхису муоина ва машварати ройгон гузаштанд (АКС)

Зиёда аз 50 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз ташхису муоина ва машварати ройгон гузаштанд (АКС)
Апрел 06
13:08 2024

Дар доираи сиёсати оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини солимии аҳолӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба сокинони мамлакат имрӯз, 6 апрели соли равон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола дар ҷаҳон 7 апрел қайд карда мешавад, дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” чорабинии солимгардонии ташхису муоина ва машварати ройгони шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, мутахассисон ва сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.

Дар саҳни бинои мазкур барои суҳбати мутахассисони соҳа бо шаҳрвандон тамоми шароити муосид фароҳам гардида, дар маҷмӯъ барои машварат ва ташхису муоинаи ройгони сокинон тамоми имконоти лозима муҳайё карда шуд.

Дар ин ҷо нахуст роҳбарияти вазорат бо мутахассисони соҳа суҳбат намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз шароиту имконияти фароҳамгардида ташхису муоинаи шаҳрвандонро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Ҳамин тавр, аз субҳи барвақт аллакай шаҳрвандони зиёде ба муассисаи мазкур ташриф оварда, аз ташхису муоинаҳои ройгон мегузаштанд,  аз мутахассисони варзидаи  соҳа доир ба беҳтар намудани вазъи саломатии хеш  тавсияву маслиҳати муфид мегирифтанд.

Тавре аз чеҳраҳои сокинони мамлакат баръало аён буд, онҳо аз ташкил ва баргузории ин чорабинии солимгардонӣ ниҳоят шоду мамнун буданд ва барои фароҳам овардани чунин шароиту имконоти мусоид ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ва кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдории хешро баён мекарданд.

Мавриди зикр аст, ки чорабини мазкур ҳазамон дар муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва дар умум дар тамоми муассисаҳои тиббию табобатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкил ва баргузор гардида,  ба зиёда аз 50 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат дар доираи ин чорабинӣ ташхису машварати ройгон расонида шуд.

Дар воқеъ, яке аз хусусиятҳои хоси ин чорабинӣ аз он иборат аст, ки дар ин рӯз ҳама мутахассисон дар як ҷо ҷамъ мешаванд ва шаҳрвандон бо онҳо дар мавриди вазъи саломатии хеш суҳбат мекунанд. Инчунин, дар ин рӯз дар назди муассисаҳои тандурустӣ тамоми шароити лозима барои ташхиси беморон муҳайё карда мешавад, ки  беморон метавонанд дар як ҷо аз ҳама намуди  ташхисҳои тиббӣ  ба таври ройгон гузаранд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 880
  • 989
  • 887,245