Имрӯз, 29-уми марти соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи санитарию эпидемиологӣ бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода мулоқоти намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Акбарзода бо роҳбарият ва кормандони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, роҳбарони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардид.
Дар мулоқот махсусан масъалаҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ ҳангоми додани дафтарчаҳои муоинаи тиббӣ ва хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеа ва бо мақсади иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» чунин вохуриҳои масъулин бо роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии мамлакат ба роҳ монда шудааст.