Зиёда аз 5000 кг гиёҳҳои шифобахш ҷамъоварӣ карда шуд

Август 04
18:47 2017

Бо мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар дохили ҷумҳурӣ аз ҳисоби кормандони Муассисаи давлатии тиббии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» гурӯҳи корӣ ташкил гардида ба ноҳияи Балҷувон сафарбар гардиданд.

Иқдоми мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст, ки ба ҳайати он, 6 нафар омўзгорон, 3 нафар кормандони маркази таълимӣ-истеҳсолии  “Ҷамъоварӣ ва истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш” ва зиёда аз 10 нафар донишҷуёни  муассисаи таълимии  номбурда шомил буданд.

Гурӯҳи кориро ҳамзамон намояндагони  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Муассисаи давлатии тиббии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» ҳамроҳӣ намуданд, ки дар натиҷа аз ҷамоати деҳоти Шайдон ва деҳаҳои Султон Увайс, Сари Хосори  ноҳияи Балҷувон ба миқдори зиёда аз 5 ҳазор кг гиёҳҳои шифобахш аз қабили  коснӣ, чойкаҳак, кокутӣ, роҳдавак, субинак, газна,  лупанак, пудина ва сапали уштур ҷамъоварӣ карда шуд.

Гиёҳҳои ҷамъоварикардашуда ба маркази таълимӣ-истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш” – и “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дастрас карда шуда, айни ҳол дар ҷараёни коркард ва истеҳсол қарор доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 952
  • 1,242
  • 949,972