Мусобиқаи панҷуми волейбол миёни кормандони тиб оғоз гарид

Мусобиқаи панҷуми волейбол миёни кормандони тиб оғоз гарид
Август 09
18:48 2017

Имрӯз  дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, мусобиқаи панҷуми  волейбол  байни дастаҳои занонаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим,   инчунин  дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба соли «Соли ҷавонон», ҷашни 20-солагии «Ваҳдати миллӣ», зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон  бахшида ба рӯзи иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки айни замон мусобиқаи футбол миёни кормандони ин ниҳод дар ҳоли идомаёбӣ қарор дошта як қатор мусобиқаҳои варзишӣ ба ифтихори «Соли ҷавонон», ҷашни 20-солагии «Ваҳдати миллӣ», зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон  бахшида ба рӯзи иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд.

Даври ҷамъасти умумии  мусобиқот 18 август, дар рӯзи таҷлили Иди касбии табибон  баргузор хоҳад шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 960
  • 1,242
  • 949,980