То охири соли ҷорӣ шумораи хунсупорандагон дар кишвар ба 50 хазор нафар расонида мешавад

Август 11
18:51 2017

Муассисаи давлатии “Маркази Ҷумҳуриявии илмии хун”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад шумораи  донорон ё хунсупорандагонро дар кишвар то охири соли 2017 ба 50 ҳазор нафар расонад. Ин дар ҳолест, ки айни замон шумораи хунсупорандагон дар“Маркази Ҷумҳуриявии илмии хун” ба 40 ҳазор нафар баробар мебошад.

Мувофиқи иттилои дастрас ба ҳолати соли 2011 шумораи хунсупорандагон дар кишвар 25 ҳазор нафарро ташкил медод.

Тибқи иттилои Алишер Кабиров муовини директори  Муассисаи давлатии “Маркази Ҷумҳуриявии илмии хун”  давра ба давра беҳтар гардидани шароити хуби корӣ,  истифодаи имкониятҳои мавҷуда, такмили заминаи моддию техникӣ, корҳои  ташфиқотӣ миёни сокинон ва   муассисаҳои давлатӣ, сабаб гардид, ки шумораи донорон ба маротиб рӯ ба афзоиш оварад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кормандони  Муассисаи давлатии “Маркази Ҷумҳуриявии илмии хун” аз аввали соли равон то ба имрӯз аз донорон ба миқдори зиёда аз  11 224л хун гирифтаанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба шахсони бемор истифода карда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 898
  • 1,242
  • 949,918