Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» доир ба пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм, коррупсия ва дигар амалҳои ношоистаи ҷомеа вохурии намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур баргузор гардид.
Дар ин замина, гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имрӯзҳо яке аз кишварҳои фаъол ва ташаббускор дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм ба шумор меравад.
Намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониҳои хеш аз хатар ва таҳдидҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва коррупсия ба ҷомеа ёдовар шуда, иброз доштанд, ки мубориза бар зидди ин падидаҳои номатлуб кори дастаҷамъона мебошад.
Бинобар ин, қайд кардид, ки бояд ҳар як фарди худшиносу худогоҳи ин сарзамини биҳиштосо бар зидди чунин хатарҳои замони муосир мубориза бурда, бо ин роҳ дар таъмин ва пойдории сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдилии сокинони кишвари маҳбубамон саҳми хешро гузорад.