Боздиди Насим Олимзода аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Боздиди Насим Олимзода аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд
Август 11
18:56 2017

Рӯзҳои 1-2 августи соли ҷорӣ  Насим Олимзода Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони маҳаллӣ ва роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд бо мақсади омӯхтан ва таҳлили вазъи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ  сафари корӣ анҷом доданд.

Зимни сафар Насим Олимзода   бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида  вохӯрӣ ва мулоқотҳои корӣ анҷом дод.  Ҳайати мазкур  аз марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои марказӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии минтақа ва муассисаҳои хусусии тиббӣ дидан намуда, вазъ ва ҳолати инфрасохтор, вазъи санитарию эпидемиологӣ, заминаи моддию техникӣ, таъминот бо мутахассисони тиббӣ, маводҳои доруворӣ, ҳолати коргузорӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, назорати диспансерии беморон ва дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои солимии аҳолиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. Инчунин дар мӯҳлатҳои пешбинишуда   ҷиҳати   бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушахассас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 722
  • 1,242
  • 949,742