Оид ба беҳтар намудани кӯмаки статсионарӣ ба модарону навзодон таҳти унвони “Сифати хизматрасонии тиббӣ” семинари омӯзишӣ доир гашт

Оид ба беҳтар намудани кӯмаки статсионарӣ ба модарону навзодон таҳти унвони “Сифати хизматрасонии тиббӣ” семинари омӯзишӣ доир гашт
Май 17
13:42 2024

16-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани кӯмаки статсионарӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон дар даҳ беморхонаи ноҳиявии пилотии кишвар таҳти унвони “Сифати хизматрасонии тиббӣ” семинари омӯзишӣ доир гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода, намояндаи Бюрои аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Афина ва Юнон  Мартин Вебер, шарикон оид ба рушд ва доираи васеи мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии кишвар зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки ҳифзи саломатии модару кӯдак самти афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Махсусан, қайд гардид, ки  дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ тамоюли паст шудани нишондиҳандаҳои саломатии модару кӯдак, аз ҷумла нишондиҳандаи фавти модарон 2,7 маротиба ва фавти кӯдакон 3 маротиба ба назар мерасад.

Дар идомаи суханронии хеш номбурда доир ба вазъи кунунӣ, муваффақияту дастовард ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, як қатор иштирокчиён низ доир ба беҳтар намудани кӯмаки статсионарӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон дар даҳ беморхонаи ноҳиявии пилотии кишвар маълумот пешниҳод карданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 967
  • 1,242
  • 949,987