Боздиди масъули вазорат аз муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла ба модару кӯдак сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев аз фаъолияти Таваллудхонаи вилояти Суғд ва Беморхонаи клиникавии вилоятии шаҳри Хуҷанд дидан ба амал овард.

Дар муассисаҳои тандурустии болозикр сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев бо масъулини беморхонаҳо доир ба боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, пешгирии фавти модару кӯдак суҳбат кард.

Дар идомаи боздиди хеш номбурда ҳамзамон дар муассисаҳои мазкур бо як қатор беморон низ суҳбат анҷом дода, аз онҳо доир ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, одоби муошират пурсон шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла ба модару кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар ин бахш пайваста чораҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search