Шиносоӣ бо ҷараёни курси такмили ихтисос барои кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Шиносоӣ бо ҷараёни курси такмили ихтисос барои кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Май 23
15:51 2024

Имрӯз, 23-юми майи соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» бо ҷараёни курси такмили ихтисоси кормандони шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат шинос шуд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» се кафедра- кафедраи таҳсилоти касбии баъдидипломии кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кафедраи кори иҷтимоӣ ва кафедраи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ таъсис дода шудааст.

Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2023, №174 ҷиҳати иҷрои банди 8-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №148 қабул гардидааст,  дар заминаи Муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ  ва  инноватсияҳо” таъсис дода шуд.

Тавре гуфта шуд, баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандон аз ҷумлаи ҳадафҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Вобаста ба масъалаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 26 декабри соли 2019  дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карда буданд: “Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои соҳаро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монад ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд”.

Бояд қайд кард, ки вазифаҳои асосӣ ва афзалиятноки донишкадаи мазкур тибқи Оиннома, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2023, №673 тасдиқ шудааст, аз  вазифаҳои зерин мебошанд: ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, семинарҳои мақсаднок ва омӯзиши кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили дониши мутахассисони дорои маълумоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, ки дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор мекунанд, пеш бурдани фаъолияти илмию методӣ ва илмию тадқиқотӣ, инноватсионӣ ва фаъолияти эҷодии кормандони илмию омӯзгорӣ ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, истифодаи натиҷаҳои ҳосилшуда дар ҷараёни таълим ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таъмини шароити мусоид барои таҷрибаомӯзии илмию методӣ ва амалии шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, паҳн намудани донишу малакаи муосир ва фаъолияти инноватсионӣ дар самти баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони иҷтимоӣ, таҳия ва нашри барномаҳои таълимӣ, дастуру адабиётҳои таълимӣ ва методӣ оид ба мавзуъҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Дар донишкадаи мазкур барои шунавандогони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст мебошанд, шароити мусоиди ҷойи хоб низ фароҳам оварда шудааст.

Зимни суҳбат бо шунавандагони курси такмили ихтисос муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед онҳоро ба ҳарчи бештар омӯхтани паҳлуҳои гуногуни самти фаъолияташон ҷалб намуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 674
  • 1,242
  • 949,694