Женева: Иштироки ҳайати расмии Тоҷикистон дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ

Женева: Иштироки ҳайати расмии Тоҷикистон дар иҷлосияи 77-уми  Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ
Май 29
15:08 2024

27-уми майи соли равон дар шаҳри Женеваи кишвари Швейтсария иҷлосияи 77-уми  Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба кори хеш оғоз кард, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода иштирок намуд.

Дар доираи баргузории чорабинии мазкур санаи 26-уми майи соли равон вохурии навбатии ғайрирасмии вазирони тандурустии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти раисии Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гашт, ки  дар он рафти татбиқи “Харитаи роҳ” ҷиҳати мусоидат барои саломатӣ ва некуаҳволии кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гашт.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба дар Кумитаи генералии Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ҳайси аъзо интихоб шудааст, ки онро академик Саломудин Юсуфӣ муаррифӣ менамояд.

Дар Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар байни 192 давлати аъзо, ҳамагӣ 17 намояндагон барои Кумитаи генералии Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ интихоб мегарданд ва ин боиси ифтихор аст, ки соли  ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аъзои он мебошад.

Ҳамин тавр, рӯзи якуми чорабинӣ дар баробари иштирок дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ, мулоқоти ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои вазоратро бо ин ташкилоти бонуфӯз баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, санаи 28-уми майи соли ҷорӣ ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои дуюм ва сеюми Кумитаи А, ки дар он  масъалаҳои лоиҳаи Барномаи 14-уми ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026 ва маблағгузории устувор ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур муҳокима гардиданд, иштирок намуд.

Дар доираи иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд инчунин вохурии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асилбек Худоёров ва вазири тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон Амимқодир Бейшеналиев низ доир гашт.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки иҷлосияи 77-уми  Маҷмааи умумиҷаҳонии тандурустӣ то санаи 1-уми июни соли 2024 дар шаҳри Женеваи кишвари Швейтсария идома хоҳад ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 585
  • 1,242
  • 949,605