“Чорбоғ”: Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

“Чорбоғ”: Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Май 31
16:11 2024

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон яке аз ҷолибтарин идҳо-иди  фараҳбахш, иди насли ояндасози замон ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз тамоми кӯдакони ҷаҳон дар атрофии парчами худ, ки рамзи рангорангӣ ва таҳаммул,  рамзи хонаи умумӣ мебошад, ҷамъ омада, шукргузорӣ аз ҳастии худ ва дунёи пур аз орзуву ормон мекунанд.

Бахшида ба ин сана имрӯз, 31-уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб чорабинии идона доир гардид, ки дар он намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Фахриддин Юсуфзода, роҳбарият, кормандон ва бошандагони муассисаи мазкур бо волидонашон иштирок намуданд.

Юсуфзода Фахриддин, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо сухани табрикотӣ баромад намуда, аз номи роҳбарияти вазорат кулли бошандагони Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ”-ро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуд.

Қобили зикр аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, масъалаҳои дастгирии моддию маънавии кӯдакон, ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани онҳо, фароҳамоварии шароити арзанда ҷиҳати таъмини рушди насли солиму ояндасози давлат  маҳаки асосии сиёсати давлати тоҷиконро таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил медиҳад. Ин нукта дар Паёмҳои ҳамасолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зерин: «Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадориҳои хешро дар самти ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, кӯдакони ятиму бепарастор, маъюб ва маъюбону камбизоатон ҳамеша иҷро менамояд”.

Дар идомаи чорабинӣ баҳри фароғати бошандагони муассисаи мазкур бозиҳои ҷолибу шавқовар ва барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳоди ҳозирин карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайи чанд соли охир ҷиҳати  тақвияти нерӯи кормандони иҷтимоӣ барои ҳифзи кӯдакон тадбирҳои зарурӣ андешида, якчанд семинарҳои омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд баргузор намудааст. Дар доираи ин тадбирҳо  бо Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) лоиҳаи “Харитасозии нерӯи кормандони хадамоти иҷтимоӣ шурӯъ гардидааст. Дар ҳамин радиф бо мақсади омӯзонидани кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мутахассисон аз сохторҳои мақомоти давлатие, ки бо кӯдакон ва оилаҳо фаъолият мебаранд, вобаста ба усулҳои доир намудани арзёбӣ ва кор бо оилаҳо, ки аз талаботи банди 14-и Нақшаи амали Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардонидашуда  бармеояд, ҷиҳати тақвияти кормандони иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Ба омӯзонидан ва тайёр кардани кормандони самти хизматрасонии иҷтимоӣ ҷиҳати пешниҳоди хизматҳои сифатнок ба кӯдакон бо таъмину ҳифзи ҳуқуқҳояшон Муассисаи давлатии “Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” низ машғул мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 958
  • 1,242
  • 949,978