Даҳаи миллии дастгирии синамаконӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даҳаи миллии дастгирии синамаконӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Август 01
13:20 2024

Имрӯз, 1 августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти унвони “Аз байн бурдани фосила дар синамаконӣ. Дастгирӣ намудани синамаконӣ барои ҳамаи занон” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он масъулини вазорат, шарикон оид ба рушд, намояндагони муассисаҳои тандурустӣ, ки самти фаъолияташон ба солимии модару кӯдак равона шудааст, иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, таҳлили солҳои охир дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ гузаронидашуда нишон медиҳад, ки  додани шири модар ба кӯдак солҳои  пеш 34 фоизро ташкил медод ва дар айни замон он ба 41 фоиз расидааст. Инчунин додани шири сунъӣ ба кӯдакон дар деҳот бештар ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ, хосатан дар байни занон бештар намудааст. Зеро кӯдаконе, ки  аз ҳама бештар шири сунъӣ истеъмол мекунанд,  то 10-15 маротиба зиёдтар ба бемориҳои сироятии меъдаю руда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.

Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  ҳанӯз соли 1994  дар соҳаи  дастгирӣ  ва  ёрӣ  дар  синамаконии атфоли навзод корро оғоз кардааст. Бинобар ин, аз  соли 1998  сар  карда то кунун дар  тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 принсипи муваффақонаи синамаконии атфол амалӣ мешавад. Ҳамзамон дар ин самт дар кишвар “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020 – 2025” таҳия ва айни ҳол  амалӣ шуда истодааст.

Бино ба гуфти мутахассисони соҳа, 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак ин аз рӯзи ҳомиладорӣ то синни 2 солагии кӯдак ба ҳисоб меравад, ки ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ-рӯҳии кӯдаконро дарбар мегирад.

Синамаконӣ на танҳо барои модарон ва кӯдакон муҳим аст, балки ин амал сармоягузории оқилона  низ ба ҳисоб меравад. Фоиданокии шири сина дар баробари дигар узвҳо, пеш аз ҳама ба майнаи сари кӯдак мерасад. Аз нуқтаи назари олимони соҳаи тандурустӣ, кӯдаконе, ки шири модар зиёд хурдаанд, майнаи сарашон босуръат рушд мекунад. Аз ин  рӯ, яке аз роҳҳои баланд бардоштани малака ва дониши падару модарон нисбат ба тарбия ва ғизодиҳии кӯдакон- гузаронидани суҳбату вохӯриҳо, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ  оид ба моҳияти шири модар, тарзи дуруст додани шири модар, омӯзонидани занҳои ҳомила ва ширмакон дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ дар ин рӯзҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии шири модар  баргузор гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб ин  маърака ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август доир карда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,479
  • 2,153
  • 988,061