Ҷаласаи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” ҷиҳати амалӣ намудани зерқисмати 2.1 ”Хариди стратегии хизматрасонии КАТС”

Август 16
11:56 2024

Ҳифзи сиҳатии омма ва тақвияти бахши иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бо шарофати  Истиқлолияти  давлатӣ ва сиёсати дарҳои боз ва густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд, ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла бо Бонки ҷаҳонӣ дар тамоми соҳаҳо ба чашм мерасад. Бахусус дар самти солимӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо муваффақият амалӣ шуда истодаанд. Таҷриба нишон дод, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд метавон шароити беморхонаҳо, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиро беҳбуд бахшид.

Лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” яке аз чунин лоиҳаҳост, ки  аз ҷониби Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ 24 октябри соли 2023 тасдиқ гардида, созишнома оид ба  маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (гранти E2450-TJ), Созишномаи грантӣ оид ба “Фонди бисёрҷонибаи донории трастии Фонди глобалии маблағгузорӣ барои занон, кўдакон ва наврасон” (грантҳои TF C2563-TJ ва TF C2356-TJ) ва Созишномаи грантӣ оид ба Фонди бисёрҷонибаи трастии донорӣ оид ба таъмини омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ (гранти TF C2344-TJ) аз 17 январи соли 2024 ба имзо расиданд, ки то 31 декабри соли 2028 амалӣ карда мешавад.

Имрӯз, 16-уми августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бори аввал ҷаласаи кории байниидоравӣ оид ба амалӣ намудани “Хариди стратегии хизматрасонии КАТС” оид ба ҷорӣ намудани ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” доир гардид, ки дар он намояндагони идораву вазоратҳои марбута ширкат намуданд.

Бояд гуфт, ки зерқисмати мазкур сармоягузориҳоро дар самти талабот ва ҷалби шаҳрвандон барои баланд бардоштани сатҳи истифодабарии хизматрасониҳои КАТС, аз он ҷумла хизматрасониҳоро оид ба ҳифзи саломатии навзодон, инчунин ҳифзи солимии репродуктивӣ, модарон, кӯдакону наврасон ва ғизодиҳӣ  низ дастгирӣ мекунад.

Зимни ифтитоҳи ҷаласаи корӣ муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода зикр намуд, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур  баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои зерҳадаф ва  таҳкими иқтидори миллӣ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тандурустӣ буда, аз 5 қисмат иборат аст.

Қисмати 1: Баланд бардоштани сифати кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути таҳкими шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС).

Қисмати 2: Ислоҳоте, ки ба баланд бардоштани самаранокии шабакаи КАТС нигаронида шудаанд.

Қисмати 3: Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тандурустӣ ва эътино ба онҳо.

Қисмати 4: Идоракунии лоиҳа, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги натиҷаҳо.

Қисмати 5: Ҷузъи эътино ба ҳолатҳои фавқулодда дар ҳолатҳои ғайричашмдошт.

Лоиҳа 25 шаҳру ноҳияҳоро дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва шаҳри Душанберо мавриди ҳадаф қарор додааст.

Ҳадафи қисмати 2 дастгирии ислоҳоти сохтории марбут ба хариди стратегӣ ва рақамикунонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ барои беҳтар кардани сифати нигоҳубин ва беҳтар кардани самаранокии хароҷот, баробарӣ ва устувории молиявии системаи тандурустӣ мебошад.

Фаъолиятҳое, ки дар доираи ин қисмат маблағгузорӣ мешаванд, аз қабили барномаи аккредитатсия ва модели стратегии харид, дар миқёси миллӣ амалӣ карда мешаванд. Аммо дар давраи амалисозии лоиҳа рақамикунонӣ ва хариди стратегӣ дар сатҳи КАТС дар минтақаҳои навовар, вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ҷорӣ карда мешавад.

Ин ҷузъ аз ду зерқисмат иборат аст.

Зерқисмати 2.1: Хариди стратегии хизматрасониҳои КАТС

Зерқисмати 2.2: Рақамсозӣ ва навсозии инфрасохтори шабакаи КАТС

Ҷаласаи кории байниидоравӣ оид ба амалӣ намудани зербанди

2.1 “Хариди стратегии хизматрасонии КАТС” оид ба ҷорӣ намудани ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи  “Миллати солими Тоҷикистон” бори аввал доир гашт.

Оиди ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ дар доираи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” зерқисмати  зерқисмати 2.1 “Хариди стратегии хизматрасониҳои КАТС” сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Зайнулло  Шарифов ба таври муфассал шарҳ дод.

Дар навбати худ иштирокчиёни ҷаласа фикру андеша ва дархосту пешниҳоди худро оиди амалишавии бобарори ин самт иброз доштанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,160
  • 1,747
  • 992,692