Иди касбии табибони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид

Иди касбии табибони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид
Август 17
12:54 2024

Имрӯз, 17-уми августи соли равон бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон, зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино  ва инчунин ба муносибати  ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Абдухолиқ Амирзода, Зулфия Абдусаматзода, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҳаётзода Нурхон, сардори Раёсати тандурустии  шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки маросими расмии таҷлили Иди касбии табибони Тоҷикистон субҳи имрӯз бо гулчамбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи табиби ҳозиқ ва ҳакими шинохта Абӯалӣ ибни Сино  дар назди бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки рӯ ба рӯи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон–“Шифобахш” ҷойгир аст, аз ҷониби роҳбарияти вазорат оғоз гардид.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Баъдан, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо сухани табрикотӣ баромад намуда, кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро бо иди касбиашон табрику муборакбод  гуфт ва дар фаъолияти минбаъдаи корӣ ба ҳар кадоми онҳо барору муваффақиятҳои беназир таманно намуд.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо ба таърихи 33-солаи давлати навини хеш назар намуда, бо ифтихору сарфарозӣ гуфта метавонем, ки мо дар ин муддат бо татбиқи нақшаву барномаҳои созандаамон дар роҳи эъмори Тоҷикистони нав – давлати орзу ва ормонҳои миллӣ ва ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳти роҳбарии хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Ва ҳоло рушди босуботи кишвари азизамон бо азму иродаи қавии мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон ва таҳти роҳбарии Сарвари хирадпешаву хирадсолори ин миллати соҳибтамаддун дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа таъмин гардида истодааст.

Маҳз рисолати фарҳангдӯстӣ, хирадпарварӣ ва ваҳдатгароиву сиёсати сулҳофарини Президенти кишварамон, инчунин, азму иродаи матини халқи тоҷик ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҷукумати Тоҷикистон буд, ки давлату миллати мо ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ ноил гардид.

Таҷлили Иди касбии кормандони соҳаи тандурустии мамлакат дар рӯзи зодрӯзи падари илми тиб Абӯалӣ ибни Сино рамзӣ ва фоли нек буда, ҳар кадоми Мову Шумо-кормандони соҳаи тандурустии кишварро водор бар он месозад, ки ба пешаи интихобкардаамон содиқ бошем, ҳифзи солимии аҳолиро дар мадди аввал қарор диҳем ва пайравони асили ин ҳакими давру замон будани хешро исбот намоем.

Номбурда бо ёдоварӣ аз дастовардҳои соҳаи тандурустии мамлакат қайд намуд, ки маҳз зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи тандурустии мамлакат давоми солҳои охир тавонистанд бо ҷорӣ намудани як қатор усулҳои нави ташхис ва табобат сатҳи хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд.

Баъдан,  як қатор меҳмонон низ бо сухани табрикотӣ баромад намуда, тамоми кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон табрику шодбош намуданд.

Дар идомаи чорабинии идона  тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони хизматнишондодаи соҳа бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла бо нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта идомабахши чорабинии идона буд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Август 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூலை    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,390
  • 1,747
  • 992,922