Маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино ба ифтихори «Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино ба ифтихори «Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Август 18
12:10 2017

Субҳи имрӯз ба ифтихори зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва  рӯзи «Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҳамасола 18 август таҷлил карда мешавад дар назди  муҷассамаи асосгузори илми тиб Абӯалӣ ибни Сино, воқеъ  дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, маросими гулгузорӣ сурат гирифт.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони идораҳои марбутаи ин ниҳод дар манотиқи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Баъд аз маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи асосгузори илми тиб Абӯалӣ ибни Сино ба ифтихори «Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва зодрӯзи ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Саида Умарзода муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро дар симои куллӣ кормандони соҳаи тибби кишвар ба иди касбиашон табрик намуда ибзор дошт, ки; «Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошу ғамхориҳои пайвастаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо соҳаи тиб ба дастовардҳои назарраси соҳавӣ ноил гардида истодааст. Эътимоди комил дорем, ки минбаъд низ кормандони соҳа дастовардҳои худро афзун намуда, баҳри саломатии аҳли ҷомеа ва ояндаи неки онҳо шоиста меҳнат менамоянд. Ин санаи муборакро ба куллӣ кормандони соҳа, ки дорои наҷибтарин касби инсонӣ ҳастанд табрику муборакбод намуда, барояшон саодати рӯзгор, бахту иқболи баланд таманно дорам».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 904
  • 1,242
  • 949,924