Мавриди истифода қарор гирифтани осоишгоҳ ва беморхона дар ноҳияҳои Темурмалик ва Восеъ

Мавриди истифода қарор гирифтани осоишгоҳ ва беморхона дар  ноҳияҳои Темурмалик ва Восеъ
Август 28
08:23 2017

Дар асоси дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 августи соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Темурмалик ва Восеи вилояти Хатлон дар расми ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун иштирок намуда, бо вазъи корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар шинос шуд. Дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки Сарвазир ва ҳайати Ҳукумат биноҳои  хобгоҳи Гимназияи давлатии ба номи Ҳокимшо Ҳафизов, маҷмааи варзишӣ, Қасри фарҳанг, осоишгоҳи «Нигорамоҳ», шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд.

Дар ҳудуди ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва дигар  ҳайати Ҳукумат дуюмин осоишгоҳи истироҳативу табобатиӣ мавриди истифода қарор гирифт. Осоишгоҳи «Нигорамоҳ» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ  Имомалӣ Мақсудов бунёд шуда, хизматрасониҳои тиббӣ дар он мувофиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шудааст. Бино дуошёна буда, дар як вақт имкон дорад 80 нафарро қабул намояд. Дар ин Осоишгоҳи истироҳативу табобатӣ беморони гирифтори маризиҳои асаб, сутунмӯҳра, буғумдард ва бемориҳои дарунӣ аз ҷониби 25 нафар мутахассисони соҳибмаълумот табобат карда мешаванд.

Ҳамзамон дар рафти сафари ҳайати Ҳукумат ба ноҳияҳои Темурмалик ва Восеи вилояти Хатлон дар ноҳияи  Восеъ беморхонаи навбунёд, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода  қарор дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 26
  • 393
  • 1,242
  • 949,413