Дирӯз 29 авгуcти соли равон ба ифтихори таҷлил аз 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, воқеъ дар шаҳраки “Шифобахш”-и ноҳияи Сино мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи тиббӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, барои донишҷӯёну устодони донишгоҳ дар соли нави хониш тӯхфаи арзанда маҳсуб меёбад.
Лоиҳаи маҷмааи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Аҳмадҷон – Ҳулбук” тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Солеҳ ва компания”, Корхонаи воҳиди давлатии “Академстрой” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваханд” амалӣ намудаанд. Дар маҷмӯъ, барои бунёди иншооти мазкур беш аз 17 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Маҷмааи нав аз 2 блоки таълимӣ – блокҳои А ва В иборат буда, дар панҷ ошёна ҷойгир шудааст. Дар ошёнаи якуми бино китобхона бо толор ва 13 ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюм бошад, китобхонаи электронӣ бо 90 ва толори хурди хониш бо 170 ҷойи нишаст, дар ошёнаи сеюм кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ, 8 ҳуҷраи дарсӣ, ташхисгоҳ, толори калони хониш бо 310 ҷойи нишаст, маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, ҳуҷраҳои акушерӣ – назорати камераҳои мушоҳидавӣ, гинекологӣ, бемориҳои кӯдакона, эҳёгарӣ, кори ҳамширагӣ, анатомия ва мулитимедия, бемориҳои дарунӣ ҷойгир мебошанд. Инчунин дар ошёнаи чорум кафедраи биологияи тиббӣ ва асосҳои генетика, ҳуҷраҳои устодон, мудирони кафедра ва толори хониш барои 220 ҷойи нишаст, маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ иборат аз 3 ҳуҷраи амали ҷарроҳӣ, ҳуҷраҳои шикастабандӣ, бемориҳои чашм, гулӯ, гӯшу бинӣ, дандон, толори лексионӣ бо 250 ҷойи нишаст ва 12 ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгиранд.
Зимни суҳбат бо аҳли донишгоҳ Сарвазири мамлакат ифтитоҳи боз як маҷмааи таълимиро ба устодону муҳассилини табрик гуфта, онҳоро ба хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ ва хизмати содиқона ба нафъи мардум ҳидоят карданд.
Таъкид гардид, ки Роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад ва ҳар сол бунёду ифтитоҳи беш аз 200 таълимгоҳҳои наву замонавӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.
Дар блоки В-и маҷмаа, боғи зимистона барои гузаронидани дарсу таҷрибаҳои гуногун, кафедраи забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ иборат аз 10 ҳуҷраи дарсӣ (аз ҷумла ду кабинети лингофонӣ) бо 250 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳо барои мудири кафедра ва устодон, нигоҳдории маводҳои таълимӣ ва хоҷагӣ ҷойгир мебошанд. Дар кафедра 38 адад компютер ва 2 адад телевизор насб шудааст.
Дар Маҷмааи нави таълимӣ барои сабақомӯзӣ ва корҳои амалӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки донишҷӯён на танҳо дарсҳои назариявӣ, балки ташхисҳои ниҳоят дақиқро бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ анҷом диҳанд.