Имрӯз дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба фаъолони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи тантанавӣ муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони соҳа ширкат доштанд. Сипас ба мутахассисони фаъол мукофотҳои давлатӣ дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки ҳамасола фаъолони ҳамаи соҳаҳо ба ифтихори солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии ҳарбию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ баргузор мегардад. Имсол низ якчанд кормандон ва мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Дар ҷамъомади мазкур Муҳаммад Ҷураев бо медали “Хизмати шоиста” ва Абдукарим Шехов бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон Саъдулло Ғайбуллозода, Тахмина Давлатзода, Ҷаъфар Нозимов бо унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.