Беҳтарин маводҳои журналистӣ дар мавзӯи бемории сил муайян гардиданд

Беҳтарин маводҳои журналистӣ дар мавзӯи бемории сил муайян гардиданд
Сентябр 16
06:20 2017

Бо мақсади тарғиби роҳҳои мубориза алайҳи бемории сил ва решакан намудани ин маризӣ миёни ҷомеа  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим  бо дастгирии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) имрӯз дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе     10 нафар рӯзноманигоронро барои эҷоди беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи бемории сил қадрдонӣ намуданд.

Ҳамин аст, ки бо ин мақсад аз оғози соли 2015, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии USAID дар доираи Барномаи оид ба мубориза бар зидди бемории сил озмунҳо дар мавзӯи бемории силро роҳандозӣ менамояд.  Дар доираи ин барнома, 70 нафар рӯзноманигори ҷомеаи кишвар дар мавзӯи инъикоси масоили бемории сил дар ВАО ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Ҳарҷанд бемории силро пешгирӣ ва табобат кардан мумкин аст, вале дар як сол дар саросари ҷаҳон 1.5 миллион одам аз ин беморӣ мефавтанд. Сабабҳои асосии паҳншавии бемории сил  ин сатҳи пасти маълумотнокии аҳолӣ ва доғгузорӣ атрофи ин беморӣ мебошад. Васоити ахбори омма барои баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ нақши муҳим доранд. Дар иртибот ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти Байналмилалии USAID зарур шуморидаанд, ки   ВАО-ро ҳамчун шарики муҳим   дар татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, дастгирӣ намояд.

Маврид ба зикр аст, ки беш аз 50 намояндаи ВАО-и Тоҷикистон дар озмуни имсола вобаста ба эҷоди беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи бемории сил  иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамони озмун иборат аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони соҳаи ВАО ва силшиносон маводҳои воридшударо дар бахшҳои расонаҳои чопӣ, интернетӣ ва радиову телевизион баҳогузорӣ ва ғолибонро муайян намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,041
  • 1,242
  • 950,061