Баррасии се масъалаи муҳим миёни кормандони соҳаи тандурустӣ

Баррасии се масъалаи муҳим миёни кормандони соҳаи тандурустӣ
Октябр 04
06:32 2017

Санаи 02 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии   аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муқовимат нисбати амалҳои коррупсионӣ, дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  бо мақсади ба танзим даровардани сару либоси ягонаи тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъомад баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур  Насим Олимзода, вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, ректорон ва директорони муассисаҳои давлатии таълимии тиббӣ, директорони пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ иштирок намуданд.

Насим Олимзода зимни баромади хеш вобаста ба масъалаҳои муқовимат нисбати амалҳои коррупсионӣ   ҳозиринро аз зарари номатлуби ин зуҳурот дар ҷомеа  ва зарари манфӣ  доштани он дар пешрафту шукуфоии давлат ҳушдор дода, ҳамчунин вобаста ба  роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он маълумот дода ҷамъомадагонро ба  иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он  даъват намуд.

Дар чорабинии мазкур ҳамзамон сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои ҷумҳурӣ,  шаҳри Душанбе,   директорони пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлати начандон тулонӣ   ҷиҳати таъмин гардидани кормандони соҳаи тандурустӣ бо либоси   ягонаи кормандони тиббӣ мусоидат намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 996
  • 1,242
  • 950,016