Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди майдончаи варзишӣ сазовори ҷойи дуюм гардид

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди майдончаи варзишӣ сазовори ҷойи дуюм гардид
Октябр 31
08:22 2017

 

Бо мақсади иштироки фаъол дар доираи чамъбаст гардидани озмуни “Бунёди беҳтарин майдончаҳои варзишӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе” Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон    сазовори чойи дуюм гардид. Ҳамзамон   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри ба даст овардани ҷойи дуюм дар озмуни номбурда ва  бунёд намудани майдончаи зебову замонавии варзишӣ дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе бо сипоснома ва туҳфаи пулӣ ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ намуд.

Маврид ба таъкид аст, ки моҳи июли соли равон  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе як майдончаи зебову замонавии варзишӣ мавриди истифода қарор гирифта буд.

Хотиррасон менамоем, ки барои ин майдончаи замонавӣ, ки дар масоҳати  4800 метри квадратӣ бунёд ёфт,  924 хазор сомонӣ сарф гардида буд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,038
  • 1,242
  • 950,058