
Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола дар кишвар санаи 11 март таҷлил мегардад, чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ва як қатор рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Нахуст Абдухолиқ Амирзода аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми кормандони ВАО-и мамлакатро бахшида ба иди касбиашон табрику шодбош намуда, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва муваффақияту бурдборӣ таманно намуд.
Махсусан, номбурда аз ҳамкории намояндагони ВАО дар давраи пандемияи COVID-19 бо вазорат дар самти пешгирии сирояти мазкур, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум доир ба ин беморӣ ёдовар шуд.
Баъдан, як қатор рӯзноманигорон бо нишони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон”, Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.