Интишори 12 ҳазор адад дастурамали клиникӣ бо забони давлатӣ

Ноябр 28
09:18 2017

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ солҳои зиёде сипарӣ гашта бошад ҳам, имруз на ҳамаи идораю муассисаҳои Ҷумҳурӣ дар фаъолияти худ талаботи ин қонунро риоя мекунанд. Баҳри дар амал тадбиқ намудани  қонуни мазкур, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурӣ, тамоми ҳуҷҷатгузории муассисаҳои тандурустии кишварро бо забони давлатӣ роҳандозӣ намуда истодааст, ки аз ин ҳисоб метавон хидматрасонии тиббию санитариро боз ҳам ба мардум дастрас намуд. Барои исботи ин гуфтаҳо маҷмуи дастури клиникӣ оид ба ташхису табобати беморон дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитариро мисол овардан мумкин аст, ки дар ҳаҷми 12 ҳазор нусха ба табъ расида барои кормандони тибб тақсим карда шуд.

Ин дастурамали клиникӣ бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ ва ташаббусу дастгирии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ табъу нашр гардида, барои кормандони самти кумаки аввалияи тиббию санитарии 25-шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба таври ройгон дастрас гардидааст. Ба гуфтаи Муҳаббатшо Ҷобиров, мутахассиси сохтори кумаки аввалияти тиббию санитарии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ,  истифодаи ин адабиёти нодир дар шароити кунуни хело муҳим буда, барои осону қулай гаштани ташхису табобати беморон, хусусан дар деҳотҷойҳо барои мо табибон, ҳамчун роҳнамо хизмат мерасонад.

Пушида нест, ки дар аксари шаҳру навоҳии кишвар на ҳамаи кормандони тибб бо хати озоди интернет дастрасӣ доранд, то ин ки аз навгониҳои соҳаи тибби муосир бархурдор шаванд. Ин даструмал ба эшон имкон медиҳад, ки фаъолияти минбаъдаи хешро бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ роҳандозӣ намуда, ба маризон хизматрасонии сифатан хубро пешниҳод созанд. То имруз аз ҷониби намояндагони Лоиҳа, дар байни 1160 нафар кормандони тиб, чорабиниҳои омузишӣ оид ба тарзи дурусти истифобарии дастури клиникӣ гузаронида шуда, ҳамзамон барои мукамал сохтани нашрҳои минбаъдаи адабиёти мазкур фикру пешниходҳои иштирокчиёнро пурсон мешаванд.

Метавон гуфт, ки ин дастурамали клиникию методӣ дар кори ҳаррузаи мутахассисони тиб ҳамчун роҳнамо хидмат расонида, барои боз ҳам дурусту мукаммал сохтани ҳуҷҷатгузорӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ нақши калиди иҷро хоҳад кард.

 

Қурбоналӣ Қурбонов

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 973
  • 1,242
  • 949,993