Натиҷаҳои маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.

Натиҷаҳои маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   миёни кормандони соҳаи тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.
Январ 19
16:11 2018

Вобаста ба маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  санаи 18 январи соли равон  дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, имрӯз дар толори маҷлисгоҳи   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати натиҷагирӣ аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи фаврӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Насим Олимзода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир, доираи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

  Мавриди зикр аст, ки маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18 январи соли равон  дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   баргузор гардид.

Кори ҷаласаи мазкурро Насим Олимзода, бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, зимни баромади хеш аз ҷумла қайд намуд, ки “дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда шуд”.

Хотиррасон менамоем, ки маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18 январи соли равон  бо иштироки  роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Насим Олимзода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа, ки  миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барзугор гардид, иброз намуд, ки “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки соли 2017 дар маҷмўъ барои мардуми тоҷик соли бобарор ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои меҳнаткашон бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид. Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2017 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи худ ёдовар шуд, ки соли 2017 рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат бинобар иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таҳия ва татбиқи барнома ва нақшаю чорабиниҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат имкон дод, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 61,1 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,1 фоизро ташкил диҳад”.

Насим Олимзода   зимни баромади хеш ҳамзамон аз эродҳо ва дастуру   супоришҳои ироанамудаи  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда гуфт, ки “Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  бештар ба  истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ, назорати ғайриқаноатбахши истифодаи маблағҳо, татбиқи нокифояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ” диққати ҳозиринро ҷалб намуда, ҳамзамон вобаста ба   воридоти маҳсулоти гӯштии пастсифат, мӯҳлаташон гузашта ва ба саломатии инсон зараровар изҳори нигаронӣ карданд”.

Дар кори ҷаласа, инчунин гуфта шуд, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи самараноки лоиҳаҳо, мусоидат барои амалӣ кардани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя баҳри рушди бахшҳои муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла бахшҳои маориф, роҳу нақлиётӣ ва обрасонӣ,аз марҳилаи аввали таҳияи лоиҳаҳо ба интихоби кадрҳо, истифодаи самараноку саривақтии маблағҳои ҷудогардида, аҳамияти махсус зоҳир намоянд.    

Насим Олимзода   зимни баромади хеш ҳамзамон гуфт: “ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин робита аз ҳолатҳои содиршудаи ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби худи кормандони соҳа изҳори нигаронӣ карда, роҳбарияти Агентӣ ва Палатаи ҳисобро ҷиҳати тақвияти мубориза бар зидди коррупсия, барқарор намудани маблағи зарарҳои молиявии ба давлат расонидашуда ва ба танзим даровардани тадбирҳои тафтишотӣ вазифадор намуданд.

Дар кори ҷаласа инчунин гуфта шуд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди коргоҳҳои коркарди шир, рушди саноати дӯзандагӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, пурзӯр намудани назорати фаъолияти истихроҷи ангишт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани истеҳсоли картошка, дар ҳамин шабу рӯз тақвияти корҳои обмонии заминҳои кишт ва боғу токзор, таъмини шафофияти тақсимоти квотаҳои байналмилалӣ барои таҳсил дар хориҷа, навсозӣ, таъмиру тармим ва муҷаҳҳазсозии тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кӯҳнаю фарсудашуда дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо давоми соли ҷорӣ, пешгирӣ аз паҳншавиҳои бемориҳои сироятиву хавфнок дар байни аҳолӣ ва беҳдошти хизматрасонии тиббӣ ба аъзои ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастуру супоришҳои қатъи доданд.

Насим Олимзода   дар рафти ҷаласа ҳамзамон иброз намуд, ки; “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумъњурӣ дастур доданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷиҳати таъсиси корхонаҳои хурду бузурги коркарду истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, макарон, обҳои нӯшокӣ, гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли доруҳои хушсифат ва дар ҳамин замина таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату арзони худӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд”.

Баъд аз баёни натиҷаи баргузории маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди кормандони соҳаи тандурустӣ, вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода иброз намуд, ки аҳамияти ҷиддӣ додан ба эродҳо ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи аслии кулли кормандони соҳа ҳисобида мешаванд.

Дар охири ҷаласа роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта   бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои ироанамудаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба доираи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои қатъӣ доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 982
  • 1,242
  • 950,002